Дар «Амонатбонк» нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллатро тавзеҳ доданд

Январь 31, 2022 09:10

ДУШАНБЕ, 31.01.2022/АМИТ «Ховар»/. Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи сиёсати давлатии ҷавонон дар фаъолияти «Амонатбонк» баланд бардошта шуда, ҷиҳати мустақилона ва бо ҳисси масъулият ширкат кардани ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ шароити зарурӣ муҳайё гардидааст. Ин нуктаро Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ дар ҷаласае, ки оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ба Парлумони  мамлакат  ва натиҷаи фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Амонат»-и Бонки давлатии  амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар соли 2021» дар Душанбе доир гардид, зикр намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз БДА «Амонатбонк» иттилоъ доданд.

Сироҷиддин Икромӣ зикр намуд, ки роҳбарияти «Амонатбонк» ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Дар бонк Шӯрои ҷавонон ва Шӯрои занон  фаъолият доранд, ки ҳадафашон  татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон ва мусоидат ба амалӣ намудани пешниҳоду ташаббусҳои онҳо мебошад.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе  Иброҳим Мирзозода аз рушду суботи сартосарии кишвар, бунёди иншооти гуногуни маъмуриву маишӣ дар мамлакат, сулҳу субот ва содиқ мондан ба ватану миллат  сухан намуд.  Ҳамзамон раиси Шӯрои занони «Амонатбонк»  Шаҳло  Раҳимзода нуктаҳои Паёми Пешвои  миллат ба Парлумони кишварро тавзеҳ дода, гуфт, ки Пешвои миллат дар Паёмашон  таъкид намуданд, ки тамоми дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ маҳз ба шарофати заҳмати содиқонаи халқи  Тоҷикистон ва дастгириву пуштибонии хурду бузурги кишвар аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату ҳукумат ба даст омадааст.

Роҳбари давлат бо таваҷҷуҳ ба фаъолияти низоми бонкӣ, ҳамчун муҳаррики иқтисодиёт дар Паёми навбатӣ махсус зикр намуданд, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар, дастгирии соҳаҳои афзалиятнок ва дар маҷмӯъ рушди иқтисоди миллӣ тавассути пешниҳоди маблағҳои қарзӣ ва дигар хизматрасониҳои бонкӣ саҳм гузоранд.

Дар анҷоми ҷаласа ба як гурӯҳ кормандони «Амонатбонк» шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуда, аъзои фаъоли Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Амонат» барои фаъолияти пурсамар ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, корҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбӣ бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.

     АКСҲО аз Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк»

Январь 31, 2022 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1000 то 11.1853 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1210 то 0.1230 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.4627 то 9.4800 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Бонки миллии Тоҷикистон оид ба риояи талаботи қонунҳои миллӣ ҳамоиш доир гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1210 то 0.1221 сомонӣ муқаррар шудааст
Соли 2025 дороиҳои «Амонатбонк» 11 миллиард сомонӣ ва уҳдадориҳояш 9,9 миллиард сомониро ташкил дод
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.4239 то 9.4700 сомонӣ муқаррар шудааст
Соли 2025 сатҳи таваррум дар ҳудуди поёнии нишондиҳандаи мақсаднок 3,5 фоизро ташкил дод
Қурби расмии сомонӣ соли 2025 нисбат ба доллари амрикоӣ 15,4 фоиз устувор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бонкҳои Тоҷикистон соли 2025 ба мизоҷон дар ҳаҷми 30 миллиард сомонӣ қарз додаанд
«Амонатбонк» ба беш аз 890 ҳазор нафақагирон ва 2,2 миллион пасандозгузорон хизмат расонидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1195 то 0.1214 сомонӣ муқаррар шудааст