Дар Душанбе хатсайри сайёҳии ҷашни Сада ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ муаррифӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 29.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар базмгоҳи ҷашни бостонии Сада, ки рӯзи 30 январи соли ҷорӣ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мешавад, дар радифи намоиши ниҳолу, зироати кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дигар маҳсулоте, ки ифодагари ин ҷашн аст, бо иқдоми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ гушаи имкониятҳои сайёҳии кишвар ва хатсайри сайёҳии ҷашни Сада ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ пешниҳоди иштирокдорони тантанаҳои идона мегардад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайҳӣ хабар доданд, дар ҷашнгоҳ дар гӯшаи сайёҳии мамлакат маводҳои иттилоотии сайёҳӣ ва маълумотҳои оид ба ҷашни Сада, бо забонҳои тоҷикию русӣ ва англисӣ ба меҳмонон ва дӯстдорони сайру саёҳат тақдим мегардад.
Дар намоишгоҳ имкониятҳои хизматрасонии ширкатҳои сайёҳӣ вобаста ба намудҳои афзалиятноки соҳа ва эҷодиёти донишҷӯёни Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, инчунин бахши сайёҳии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе ба тамошо гузошта мешаванд.
Бо мақсади тақвияти сайёҳии дохилӣ бори аввал бо ҷалби ширкатҳои сайёҳӣ саёҳатҳои гурӯҳӣ аз минтақаҳои Хатлон, шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат ва Душанбе ба ҷашнгоҳи Сада ташкил мегарданд.
Ҳамчунин намояндагони корпуси дипломатии муқими Душанбе ба хатсайри сайёҳии Сада ҷалб карда шуданд.
Мавриди зикр аст, ки ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои мавсимии мардуми ориёитабор, аз ҷумла тоҷикон буда, он ҳамчун ҷашни омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз истиқбол мегардид.
Сада, ки дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил мегардад, назири ҷашнҳои таърихии Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон аз қадимтарин идҳои миллии мардуми мо маҳсуб ёфта, маҳбубияти он аз замонҳои бостон то рӯзгори мо расидааст. Маҳз ҳамин фарҳангу тамаддуни ниёгони мо таваҷҷуҳи зиёди сайёҳону меҳмононро баҳри шиносоӣ ба урфу одат, анъанаҳои миллӣ, расму оини мардумӣ ҷалб намудааст.
Таҷлили идҳои хос ба кишоварзӣ, аз ҷумла намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзӣ, ҷашнҳои Сада, Наврӯз, Тиргон, Меҳргон диққати сайёҳону меҳмонони хориҷиро ба кишвари офтобрӯяи мо бештар ҷалб намуда, лаззати меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон ҳамеша дар хотироти онҳо боқӣ мемонад ва ин ҳолат ба рушди сайёҳии кишоварзӣ (агротуризм) мусоидат менамояд.
Ҳадаф аз муаррифии дастовардҳои сайёҳӣ дар базмгоҳи ҷашни Сада рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби анъанаҳои миллии ниёгон буда, ба ин васила боло бурдани нақши тамаддунсози миллати тоҷик ва муаррифии имкониятҳои шоистаи сайёҳии кишвар, хусусан иди Сада ҳамчун бренди сайёҳӣ мебошад.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






