Дар ноҳияи Фирдавсӣ доир ба тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон мулоқот доир шуд
ДУШАНБЕ, 08.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 7 январ дар шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён, сардори шуъбаи мазкур Баҳодур Холиқзода ва ҳайати шахсӣ ҷиҳати расонидани нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ доир гардид.
Тавре мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муслим Усмонзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, зимни мулоқот Абдураҳим Шоҳиён вобаста ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат ибрози андеша намуда, гуфт, ки “вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозанд, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишвар диққати аввалиндараҷа диҳем”.
Зимни мулоқот зикр гардид, ки мо дар якҷоягӣ метавонем барои ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, ободӣ ва шукуфоии Ватани маҳбубамон саҳми босазо гузорем.
АКС: Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






