ДАР ТОҶИКИСТОН БОЗ ҲОЛАТҲОИ ГИРИФТОРШАВӢ БА COVID-19 БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУДАНД. Табиби бемориҳои сироятӣ ба АМИТ «Ховар» дар бораи нишонаҳои омикрон нақл кард

Январь 22, 2022 13:07

ДУШАНБЕ, 22.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, пас аз танаффуси думоҳа дар Тоҷикистон ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дубора ба қайд гирифта шуданд. Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз дар бораи 23 ҳолати нави сироятёбии шаҳрвандони кишвар ба ин беморӣ хабар дод.

Ҳанӯз  гуфта нашудааст, ки гап сари кадом навъи коронавирус меравад, ҳарчанд аллакай гузоришҳои зиёде дар бораи вуруди навъи «омикрон» ба кишварҳои ИДМ, аз ҷумла ба Осиёи Марказӣ нашр гардида буданд.

Ба ҳар сурат, хабарнигори АМИТ «Ховар» аз профессори кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Саидбек Сатторов хоҳиш намуд, ки дар бораи нишонаҳои (оризаҳои)  асосии навъи нави бештар ва тезтар сирояткунанда – «омикрон» нақл кунад.

«Дарди сару бадан, бемадорӣ, дарди гулӯ, сулфа ва атса, дарди шикам аз нишонаҳои асосии  омикрон маҳсуб ёфта, он  бештар ба зукоми маъмулӣ монандӣ дорад», — гуфт ӯ.

Ба андешаи мавсуф, навъи «омикрон» шакли нави тағйирёфтаи COVID-19 буда, нишонаҳои он ба дигар навъҳои COVID-19 қариб ки монандӣ доранд.

«Баморӣ  метавонад дар шакли обравӣ аз бинӣ, бемадорӣ, дарди сар, беиштиҳоӣ ва халалдоршавии хоб ба амал ояд, вале он  нисбат ба дигар намудҳои COVID-19  сабуктар  мегузарад», — гуфт Саидбек Сатторов.

«Навъи омикрон хеле зудпаҳншаванда  буда, давраи беморӣ нисбатан сабук паси сар мешавад. Дар баъзе ҳолатҳо метавонанд нишонаҳои  беморӣ дар 3-4 рӯз бартараф шаванд. Навъи нави COVID-19-ро аз шамолхӯрдагӣ фарқ кардан мушкил аст. Аз ин рӯ, дар сурати ҷой доштани нишонаҳои зикршуда бемор метавонад аз ташхиси COVID-19 гузарад»,- афзуд ӯ.

Ёдовар мешавем, ки навъи омикронии коронавирус ё B.1.1.529 моҳи ноябри соли 2021 дар Ботсвана ва Африқои Ҷанубӣ ба қайд гирифта шуда буд. Ба гуфтаи коршиносон, афроде, ки бемор гардидаанд ва ваксина гирифтаанд, низ метавонанд ба он гирифтор шаванд. Навъи нав аллакай дар 110 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла дар кишварҳои ИДМ ошкор шудааст. Ба ақидаи коршиносон, омикрон нисбат ба навъи қаблӣ – «делта» зудтар паҳн мешавад.

                                                                    Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Январь 22, 2022 13:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ИЛМ ОМӮЗЕД, СОҲИБКАСБУ ЗАБОНДОН ШАВЕД! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати таҷлили Рӯзи дониш
ИСТИҚЛОЛИЯТ ТОҶИКИСТОНРО БО ҶАҲОН ВА ҶАҲОНРО БО ТОҶИКИСТОН ПАЙВАНДИ ҲАМЕШАГӢ БАХШИД. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин неъмати бебаҳо
ИСТИҚЛОЛИЯТ ОЛИТАРИН ДАРАҶАИ БАХТУ САОДАТИ МИЛЛАТРО ТАЪМИН МЕНАМОЯД. Андешаҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин неъмати бебаҳо
Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ: «Қатар ният дорад ҳамкориро бо Тоҷикистон дар бахшҳои гуногун вусъат диҳад»
Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 аз сомонаи АМИТ «Ховар» беш аз 4 миллион маротиба дидан кардаанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамонони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Мулоҳизаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин оғози парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим номиданд
Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
Каролин Глейч: «Тоҷикистон сарзамине бо табиати нотакрор аст ва мебояд, ин зебоиро ба тамоми ҷаҳон нишон дод!»
Кирти Вардхан Сингҳ: «Ҳифзи пиряхҳо ҳамбастагӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва фаҳмиши муштараки илмиро талаб мекунад»