Дар Ванҷ ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ 84 иншоот бунёд гардид

Январь 7, 2022 10:12

ДУШАНБЕ, 07.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. То имрӯз ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Ванҷ 84 иншоот бунёд ва ба истифода дода шудаанд. Дар ин бора зимни ҷаласа бо иштироки Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода, муовини Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Анвар Иматшозода, раиси ноҳияи Ванҷ Одинашо Мардзода ва фаъолони ҷамъиятии сокинони ноҳияи Ванҷ доир ба тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ изҳори назар гардид.

Тазаккур дода шуд, ки Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омили муҳими мусоидаткунанда ба рушди ҷомеа ва рӯйдоди сарнавиштсоз маҳсуб ёфта, дар назди мақомоти давлатӣ ва  ҷомеа вазифаҳои умдаи ҳалталаб мегузорад, ки иҷрои онҳо рушди устувори кишвари моро дар соли равон ва ояндаи наздик таъмин менамояд.

«Паёми Президенти ҷумҳурӣ ҳамчун дастурамал моро ба ояндаи дурахшон ҳидоят намуда, ҳамзамон ҷиҳати амалӣ намудани корҳои созандагӣ дар ин самт аз мо азму ирода ва ташаббусҳои созанда талаб менамояд. Моро мебояд пайи амалишавии иқдомҳои дурбинона, яъне нуктаҳои асосии Паём пайваста тадбир андешем», — иброз гардид дар ҷаласа.

Пешвои миллат зимни пешниҳоди Паёми навбатӣ ба Парлумони мамлакат иброз доштанд, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.

Маҳз дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи  Пешвои миллат дар даврони соҳибистиқлолӣ барои таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Ванҷ ва пешрафту ободии он аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо маблағҳои зиёд равона карда шудаанд.

Дар ин давра дар маркази ноҳияи Ванҷ ва деҳоти дурдасти он  иншооти муҳими иқтисодию иҷтимоӣ ба истифода супорида шуданд, ки барои рушду пешрафти ин ноҳияи дурдасти мамлакат заминаи мусоид фароҳам овард.

Аз сокинони шарафманди ноҳияи Ванҷ даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри пешрафти минбаъдаи Ватан, таъмини сатҳи шоистаи зисти мардум аз имконияти мавҷуда самаранок истифода карда, дар ободонии кишвар саҳм гузоранд.

Мардуми ин минтақаи дурдасти ҷумҳурӣ бо шукргузорӣ аз сулҳу субот иброз доштанд, ки нуктаҳои Паёми Пешвои миллатро сармашқи кори худ карда,  барои тақвият бахшидани рушди инфрасохтори деҳот дар ноҳия, ки ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ мусоидат менамояд, имконияти мавҷударо самаранок истифода карда, бо корҳои созандагию ободонӣ дар шароити маҳал саҳм мегузоранд.

АКСҲО: Кумитаи рушди сайёҳӣ

Январь 7, 2022 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 25 километр роҳи деҳаи Гулзори шаҳри Кӯлоб мумфарш карда мешавад
Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд
Дар Хоруғ кӯдакистонҳо, маркази обуҳавошиносӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мурғоб муассисаи таълимии томактабии «Лола» ба истифода дода шуд
Дар Бадахшон муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуданд
Сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд идома дорад
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Спитамен беш аз 600 иншоот сохта ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Истаравшан сохтмони зиёда аз 20 иншооти соҳаи маориф идома дорад