Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Паёми Президенти Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор гирифт

Январь 7, 2022 15:11

ДУШАНБЕ, 07.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии арзандаи мардум, аз ҷумла бо роҳи мунтазам таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, касбомўзии шаҳрвандон, зиёд намудани ҳаҷми даромади аҳолӣ, баланд бардоштани музди меҳнати кормандон, нафақа ва стипендияҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мазкур якчанд дастуру супоришҳо дода шуданд, ки иҷрои онҳо аз кормандони соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ масъулияти баланд ва хизмати содиқона тақозо мекунад. Ин нуктаро 7 январ муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Маҳмадуллозода зимни омӯзиши муҳтавои дастуру супоришҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021, ки бо иштироки васеи роҳбарон ва кормандони вазорат баргузор гардид, баён намуд.

Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Гуфта шуд, ки таҳияи Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва барномаҳои миёнамуҳлати татбиқи он, ки дар Паёми Президенти мамлакат зикр гардидаанд, дар шароити кунунии бозори меҳнати байналмилалӣ тадбири муҳиму ногузир маҳсуб мешаванд. Зеро, масъалаи таъмини шуғли пурмаҳсули аҳолӣ аҳамияти иҷтимоию иқтисодии муҳим дошта, дар асоси принсипҳои бунёдии кори шоиста, мусоидат ба таъмини шуғли аҳолӣ, риояи стандартҳои байналмилалии меҳнат, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва муколамаи иҷтимоӣ барои ҳар шахс ҳадафҳои сиёсати мукаммали давлатӣ муқаррар мегарданд.

Ҳамчунин ҷиҳати то соли 2026 ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки касбу ҳунар надоранд ва дар панҷ соли оянда соҳибкасб намудани як миллион нафар шаҳрвандони кишвар дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти дахлдор бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд. Бо мақсади иҷрои ин дастури Президенти кишвар аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти сохторҳои вазорат тақвият ёфта, барои фарогирии ҳарчи бештари шаҳрвандон ба касбомўзӣ заминаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, марказҳои таълими калонсолон ва марказҳои рушди ҳунармандӣ бо истифодаи имконияти дохилӣ ва ҷалби шарикони рушд ба ин раванд таҷдид мешаванд.

Татбиқи ин дастуру супоришҳо имкон медиҳад, ки сифати таҳсил ва касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ таъмин гардида, ихтисосу ҳунарҳои муосири дар бозори меҳнат талаботдошта ҷорӣ карда шуда, барои бо шуғл таъмин намудани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва занону бонувон шароити мусоид фароҳам оварда шавад.

АКС аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли ахолии ҶТ

Январь 7, 2022 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд