Душанбе мизбони Чемпионати CAFA-2022 оид ба футзал мегардад

Январь 12, 2022 08:45

ДУШАНБЕ, 12.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Аз 19 то 29 январ шаҳри Душанбе мизбони Чемпионати CAFA-2022 оид ба футзал миёни дастаҳои  миллии бонувон мегардад. Дар он чор дастаи мунтахаби минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон ва Қирғизистон байни ҳам рақобат мекунанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистонро ба ин мусобиқа сармураббӣ Шамшод Ниятбеков омода месозад.

Мавриди зикр аст, ки Чемпионати CAFA-2022 оид ба футзал миёни бонувон тибқи системаи даврӣ дар ду давр доир мешавад ва ҳар даста шаш бозӣ анҷом медиҳад. Дастае, ки холи бештар ба даст меорад, ғолиб мегардад.

Макони баргузории бозиҳо дар Маҷмааи варзишии Қасри теннис ва варзишҳои обии шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст.

Январь 12, 2022 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод