Имрӯз дар Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд

Январь 25, 2022 10:10

ДУШАНБЕ, 25.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 25 январ, соати 6:41 ба вақти маҳаллӣ дар Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, маркази заминларза дар километри 44-уми самти ҷанубу шарқи минтақаи Рашт ва километри 103-юми самти шимолу шарқи Душанбе, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ будааст.

Қувваи заминларза дар маркази он 3-4 балл ва дар минтақаи Рашт 2-3 баллро ташкил додааст.

Талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд гирифта нашудааст.

Январь 25, 2022 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад