«ЛАЪЛИ ЛАБАТ». Таронаи маъруфи Кароматулло Қурбонов дар шоми мусиқии оҳангҳои мардуми кишварҳои СҲШ садо дод
ДУШАНБЕ, 14.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Чанде қабл дар Тошканд шоми мусиқии оҳангҳои мардуми кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар иҷрои асбобҳои мардумии узбекӣ баргузор шуд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар додааст, дар ин бора дафтари матбуоти Маркази дипломатияи мардумии СҲШ дар Узбекистон иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи сардори департаменти Маркази дипломатияи мардумӣ (МДМ) Фазлиддин Утбосаров, мусиқӣ ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги суннатии ҳар миллат ё қавми сайёраи мо мебошад. Офаридаҳои даҳанакии халқ, суруд ва асбобҳои мусиқии он хусусияти хоси ин ё он миллатро муайян мекунанд.
«Асоси мусиқиро чунин ниятҳои наҷиб, монанди инкишофи минбаъдаи эҳтироми байниҳамдигарии халқҳо, пос доштани сарвати маънавӣ, бо роҳи мубодилаи афкор ва таҷриба ба сулҳу осоиш расидани мардум ташкил медиҳанд. Яке аз ҳадафҳои СҲШ дар Узбекистон нигоҳ доштани рӯҳияи ваҳдат ва ҳамбастагии кишварҳои гуногун тавассути мусиқӣ мебошад. Ансамбли асбобҳои халқии «Ассалом» таҳти роҳбарии устоди маъруфи кишварамон Абдухалил Исоев ин иқдомро моҳирона амалӣ намуд, — гуфт ӯ.
Дар шоми мусиқӣ оҳангҳои мардумии ҳашт кишвари узви СҲШ – Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон садо доданд. Аз ҷумла, беҳтарин оҳангҳои мардумӣ аз филмҳои ҳиндии «Овора» ва «Раққоси диско», мусиқии мардумии қазоқ «Мусиқии рӯҳ», мусиқии мардумии Чин «Император», мусиқии мардумии қирғиз «Тумарим», мусиқии мардумии Покистон «Рақс» интихоб шуданд. Оҳангҳои машҳури русии «Смуглянка», «Катюша», «Калинка» ва «Майдасавдогарон», мусиқии халқии тоҷикии «Лаъли лабат», инчунин оҳанги халқии узбекии «Мусиқии идона» аз ин ҷумлаанд.
«Бешубҳа, ин оҳангҳо дар қалби шунавандагон эҳсоси гарм бедор намуда, ба дарки беҳтари санъат ва фарҳанги мусиқии халқҳои кишварҳои узви СҲШ мусоидат намуда, муносибатҳои дӯстона ва неки ҳамсоягии кишварҳоро таҳким мебахшанд», — омадааст дар паём.
АКС: шуъбаи матбуоти КМ СҲШ дар Тошканд








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






