Меҳвари Паём — таъмини зиндагии шоистаи мардум,-бардошт аз ҷамъомад дар Кумитаи бехатарии озуқаворӣ

Январь 10, 2022 11:05

ДУШАНБЕ, 10.01.2021 /АМИТ   «Ховар»/. 8 январ дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад доир шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи мазкур.

Дар ҷамъомад раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ  Муҳаммадсаид Файзуллозода зикр намуд, ки“Сарвари давлат дар Паёмашон иброз доштанд, ки зиёда аз 90 фоизи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба бахши хусусӣ рост омада, ин нишондиҳанда аз саҳми бузурги кишоварзони мамлакат дар раванди расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ – ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, махсусан дар шароити ду соли охир пайиҳам омадани хушксоливу камобӣ гувоҳӣ медиҳад”.

«Дар соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати истифодаи самараноки обу замин ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат бори аввал дар таърихи давлати соҳибихтиёрамон ислоҳоти куллӣ гузаронида шуда, истифодаи замин ба соҳиби аслии он- деҳқон вогузор гардид, ки яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад», -иброз дошт Муҳаммадсаид Файзуллозода.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам нуктаҳои меҳварии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ дода, вобаста ба таъриху фарҳанг, ваҳдати миллӣ ва асолати миллии тоҷикон ибрози назар намуд.

Мавсуф Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои ҳамаи шаҳрвандон муҳим хонда, даъват намуд, ки  ҳамагон бояд дар фаъолияту зиндагӣ нуктаҳои асосии онро мавриди истифода қарор диҳанд.

Дар ҷамъомад нуктаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зикр шуд, ки  Паёми Сарвари давлат барномаи амалест, ки ба саодат ва некуаҳволии зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудааст.

АКС: Кумитаи бехатарии озуқаворӣ

Январь 10, 2022 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид