Миёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишгоҳи касбӣ-техникии идораи шаҳрсозии Тянҷини Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 5.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Миёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ва Донишгоҳи касбӣ-техникии идораи шаҳрсозии Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин маросими ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум оид ба бунёди «Устохонаи ба номи Лу Бан» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, иттилоъ доданд аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Дар маросими баимзорасии Ёддошти тафоҳум ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон профессор Қудрат Давлатзода, котиби кумитаи ҳизбии Донишгоҳи касбӣ-техникии идораи шаҳрсозии Тянҷини Ҷумҳурии Халқии Чин Ли Ҷинбин, директори генералӣ ва муовини директори генералии Trans-Tajik Gas Pipeline ltd. Лю Тао ва Тан Ҷин, раиси фахрӣ ва котиби генералии Федератсияи чиниҳои бурунмарзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хан Дунҷӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Ректори Донишгоҳ Қудрат Давлатзода доир ба дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти босамар миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ҳамкории кишварҳо дар чорчӯби бунёди муштараки «Як камарбанд — як роҳ», пурзӯр гардидани иқтидори тарафайн дар самти амалӣ намудани лоиҳаҳои байналмилалӣ ва татбиқи онҳо, инчунин тақвият додани ҳамкорӣ иброз дошт, ки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба тақвият ёфтани муносибатҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя- Ҷумҳурии Мардумии Чин аҳамияти махсус зоҳир менамояд.
«Итминон дорам, ки «Устохонаи ба номи Лу Бан» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштаи сифати таълим ва ба бозори меҳнат рақобатпазир намудани хатмкунандагон — муҳандисони оянда саҳми арзанда мегузорад ва яке аз устохонаҳои намунавӣ дар Осиёи Марказӣ мегардад»,-изҳор дошт ректори донишгоҳ..
Котиби кумитаи ҳизбии Донишгоҳи касбӣ-техникии идораи шаҳрсозии Тянҷини Ҷумҳурии Чин Ли Ҷинбин зикр намуд, ки дар заминаи муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Чин ва тадбирҳои созандаи Роҳбарияти Олии ҳарду кишвар зарур аст иқтидори ҷонибҳо барои ба сатҳи комилан нав баровардани ҳамкорӣ пурра истифода шавад.
Зикр гардид, ки «Устохонаи ба номи Лу Бан», ки бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои факултети сохтмон ва меъморӣ бунёд мегардад, аввалин устохонаҳо мебошад, ки аз ҷониби роҳбарияти Ҷумҳурии Чин дар миқёси Осиёи Марказӣ бунёд карда мешавад. Айни ҳол корҳои банақшагирӣ ва муайян намудани ҷой, масоҳат ва баҳодиҳии шароити зарурӣ ба анҷом расонида шудаанд.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






