Дар Академияи ВКД доир ба шарҳи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд

Январь 11, 2022 09:40

ДУШАНБЕ, 11.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 10 январ дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки васеи роҳбарият, омӯзгорон, курсантон барои омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи мазкур хабар медиҳад.

Зимни ҳамоиш сардори Академияи ВКД Файзалӣ Шарифзода иброз дошт, ки «Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ  барномаи мушаххаси сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро дар бар гирифта, дар он натиҷаи фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон дар тӯли 30 соли Истиқлоли давлатӣ ҷамъбасту таҳлил ва дурнамои сиёсати давлатӣ то соли 2026 муайян гардид. Ҳамзамон солҳои 2022-2026 Солҳои рушди саноат эълон карда шуданд».

Сардори Академия аз Паём иқтибос оварда, таъкид намуд, ки Пешвои миллат, бахусус ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд: «Ҷиҳати рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ зиёда аз 97 миллиард сомонӣ равона гардид. Дар 30 соли Истиқлолияти давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Ҳоло шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба 2 миллиону 200 ҳазор нафар расидааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 173 муассисаи таълимии типи нав – литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин, 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуданд».

Муовини раиси кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Р. Раҷабзода ба таври пурра нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»-ро ба самъи ҳозирин расонида, иброз намуд, ки хизматчиёни давлатӣ бояд софдилона ба нафъи давлату миллат хизмат намуда, ҳеҷ гоҳ ба давлату миллат хиёнат накунанд.

Омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи ВКД дар рӯҳияи баланди ватандӯстона баргузор гардида, сардори Академия ба намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ барои ҳамкорӣ ва тавзеҳи пурраи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

АКСҲО аз Академияи ВКД

Январь 11, 2022 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Мастчоҳ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон доир шуд
Мутахассисони алоқа «таҳаввулоти рақамӣ» пешбинӣ менамоянд
Олимони тоҷик аз қитъаҳои заминҳои таҷрибавӣ дар Яғноб ҳосили хуб гирифтанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Бӯстон бахшида ба соли нави таҳсил ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ сохтмони муассисаи томактабии «Ёсуман» ба анҷом расид
Бахшида ба Рӯзи дониш дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
МАЪРИФАТ — ПОЙДОР, ИЛМУ АДАБ — УСТУВОР. Дар ноҳияи Ёвон Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ таҷлил гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
«Ҷойгоҳи зан дар даврони Истиқлол»-таҳти чунин унвон дар Левакант конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Ҳунарҳои мардумӣ бо усули «хона ба хона» ва «маҳалла ба маҳалла» тарғиб карда шуданд