ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф борида, тормеғ мефарояд
ДУШАНБЕ, 29.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид гардида, қисман абрнок шуда, дар водиҳо баъзан борон, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ барф борида, тормеғ (туман) мефарояд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳавои қисман абрнок, дар баъзе ноҳияҳо барф, дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарби вилоят барфи бошиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 17-22 дараҷа хунук шуда, дар баъзе минтақаҳо то 25-30 дараҷа хунук, рӯзона 8-13 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи қисман абрнок шуда, дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо борон, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ барф борида, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 2-3 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои қисман абрнок, дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо борон, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бориш (борон, барф) дар баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат ба амал омада, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок, дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо борон, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борону барф, дар баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона – 2+3, дар баъзе ноҳияҳо то 1-6 дараҷа хунук мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои қисман абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон борида, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2+4 дараҷа гарм ва рӯзона 6+8 дараҷа гарм мешавад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






