ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон бориши борони суст ва барф дар назар аст
ДУШАНБЕ, 8.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида бориши сусти борон ва барф дар назар аст, иттилоъ доданд аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Ба иттилои Агентии обу ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0-0,5мм) дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12 дараҷа хунук, рӯзона -2+3 дараҷа, дар шарқи вилоят шабона 22-27 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 30-35 дараҷа хунук, рӯзона 5-10 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 12-17 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0-0,5мм) дар назар буда, танҳо шабона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти борон ва барф ба амал омада, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунк то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок, шабона дар ноҳияҳои алоҳидаи водигӣ бориши сусти борон, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бориши сусти барф ба амал омада, рӯзона асосан бебориш (0-0,5мм) шуда, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок, дар водиҳо баъзан бориши сусти борон, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борону барф ба амал омада, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 8-13 дараҷа хунук, рӯзона -3+2 дараҷа мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ба амал омада, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1+3 дараҷа гарм, рӯзона 6+8 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид






