ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои қисман абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ба амал меояд
ДУШАНБЕ, 13.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои қисман абрнок, дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ба амал меояд, иттилоъ доданд аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии вилоят барф, дар шарқии вилоят асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мебошад. Дар шарқи вилоят шабона 21-26 дараҷа хунук, рӯзона 7-12 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо ҳавои асосан бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти борон ва барф ба амал омада, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа хунук, рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои қисман абрнок, дар водиҳо баъзан бориши сусти борон, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал омада, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои қисман абрнок, дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ба амал омада, тормеғ (туман)-и тунук мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1+3 дараҷа гарм, рӯзона 9+11 дараҷа гарм мешавад.








Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд






