ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф ба амал меояд
ДУШАНБЕ, 22.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, бориши борон ва барф ба амал меояд, иттилоъ доданд аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳаво абрнок, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 9-14 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 19-24 дараҷа хунук шуда, дар баъзе минтақаҳо то 27-32 дараҷа хунук, дар мавзеи Булункул то 40-42 дараҷа хунук, рӯзона 6-11 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 14-19 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок, боришоти борон ва барф ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок, боришоти борон ва барф ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 17-22 метр дар сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм, дар доманакӯҳо шабона ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок, боришоти борон ва барф ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок, боришоти борон ва барф ба амал омада, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона ва рӯзона 1+3 дараҷа гарм мешавад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






