Раиси шаҳри Душанбе аз сокинони пойтахт даъват ба амал оварданд, ки дар маъракаи эмкунӣ фаъол бошанд

Январь 13, 2022 10:55

ДУШАНБЕ, 13.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Соли сипаришуда бо мақсади  пешгирӣ кардани пандемияи коронавирус covid-19 якуним миллион воя ваксина ворид гардид ва то имрӯз 725 ҳазор нафар сокинони шаҳри Душанбе, ки 100 фоизи гурӯҳи мақсаднокро ташкил медиҳанд, эм карда шуданд. Таҷрибаи тибби ҷаҳонӣ собит намуд, ки роҳи ягонаи эмин мондан аз ин беморӣ ва наҷоти ҳаёти инсон танҳо эмгузаронӣ мебошад, чунин таъкид намуданд Раиси шаҳри Душанбе  муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии пойтахт дар соли  2021, ки  дирӯз, 12 январ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар»  дар  шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар ин робита Раиси шаҳри Душанбе аз сокинони пойтахт  даъват ба амал оварданд, ки дар маъракаи эмкунӣ фаъол бошанд, худ ва аъзои оилаашонро эм гузаронанд, то ин ки саломатии наздикон ва аҳли ҷомеа ҳифз карда шавад.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба сохторҳои дахлдор дастур доданд, ки аз моҳи феврали соли 2022 эмкунии навбатӣ ва пурраи сокинонро оғоз карда, дар баробари ин, корҳои фаҳмондадиҳиро доир ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ вусъат бахшанд.

Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ ҳамчунин ёдоварӣ шуд, ки дар зарфи панҷ сол муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе  бо 35 мошини  замонавии ёрии таъҷилӣ ва дастгоҳҳои нави ташхис таъмин гардида, 118 нафар кӯдакони нуқсони дилдошта аз ҳисоби маблағҳои фонди захираи Раиси шаҳр ҷарроҳӣ карда шуданд.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  иброз доштанд, ки  минбаъд низ ба кӯдакони нуқсони дилдошта чунин  кумак расонида  мешавад.

 

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Январь 13, 2022 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд