Русия бурсияҳои таҳсили ройгонро барои донишҷӯёни Тоҷикистон 19% афзоиш дод

Январь 25, 2022 12:53

ДУШАНБЕ, 25.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди бурсияҳо (квотаҳо) барои таҳсили донишҷӯёни Тоҷикистон  дар донишгоҳҳои Русия аз ҳисоби буҷети федералии солҳои 2022-2023-ум 120 адад афзуда, ба 750 адад расид.  Дар ин хусус 24 январ раиси намояндагии «Россотрудничества» дар Тоҷикистон Иван Иванов ба хабарнигори ТАСС иттилоъ дод.

«Имсол мо 750 бурсия дорем, ин омор соли гузашта 630 ҷойро ташкил медод, яъне афзоиши ҷиддӣ ба назар мерасад», — гуфт Иванов. Ба гуфтаи ӯ, дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Русия ва Тоҷикистон, ки ояндаи наздик баргузор мешавад, масъалаи афзоиши шумораи бурсияҳо матраҳ хоҳад шуд.

«Тоҷикистон аз рӯи анъана дар радифи панҷ кишвари беҳтарини ҷаҳон [аз рӯи миқдори бурсияҳо барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия] ҷой гирифта, миёни кишварҳои ИДМ мавқеи пешсафро ишғол мекунад», -зикр намуд роҳбари намояндагии «Россотрудничества».

Маъракаи омӯзиши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия тибқи фармоне, ки соли 2013 дар Федератсияи Русия содир шуда буд, сурат мегирад. Ҳоло дар Русия ҳудуди 23 ҳазор нафар донишҷӯёни тоҷик таҳсил мекунанд.

            АКС:  Маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе

Январь 25, 2022 12:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд