Саъдӣ Каримзода: Соли 2021 аз Тоҷикистон 208 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид

Январь 31, 2022 14:30

ДУШАНБЕ, 31.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 208 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи  36 млн доллари ИМА содирот шудааст, ки нисбат ба соли гузашта аз рўи ҳаҷм 79 ҳазор тонна зиёд мебошад, иттилоъ дод Вазири кишоварзии мамлакат Саъдӣ Каримзода имрӯз зимни баргузории нишасти матбуотӣ ба намояндагони ВАО.

Ба гуфти вазир, дар содироти маҳсулоти кишоварзӣ зиёдшавӣ аз ҳисоби пиёз 6 ҳазор тонна, меваи хушк 25,5 ҳазор тонна, меваҷоти тару тоза ва ангур 43,3 ҳазор тонна мебошад.

Ҳамчунин зикр гардид, ки дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун соли қаблӣ бо дарназардошти 40 фоиз зиёд намудани майдони кишти картошка дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ тибқи дурнамо кишти он соли 2021 низ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 65 312 гектар пешбинӣ гардида,  дар майдони 58239 гектар кишт гузаронида шуд, ки 89 фоизи дурнамои пешбинигардидаро ташкил медиҳад. Нишондиҳандаҳои дурнамои кишти картошка асосан аз ҳисоби шаҳру ноҳияҳои ВМКБ 28 фоиз, вилояти Суғд 11 фоиз, вилояти Хатлон 10 фоиз, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 11 фоиз, аз ҷумла аз ҳисоби шаҳру ноҳияҳои  Ҳисор 33 фоиз, Файзобод 33 фоиз, Нуробод 67 фоиз ва Тоҷикобод 8 фоиз таъмин нагардид.

Зимни нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки барои замина гузоштан ба ҳосили соли 2022 то оғози соли равон дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ кишти сабзавоти барвақтӣ дар майдони 12246,8 гектар, аз он пиёз 8657 гектар, карам 792 гектар, сабзӣ 1821 гектар, сирпиёз 55,6 гектар, дигар сабзавот 921 гектар ва сабзавоти тухмӣ 28 гектар гузаронида шудааст.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Январь 31, 2022 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст