«САДА САД РАҲ КУШОЯД СӮЙИ НАВРӮЗ…». Пагоҳ дар Душанбе ҷашни Сада таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 29.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 30 январ дар Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷашни Сада ва намоиши ниҳолҳою тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ин рӯз кишоварзон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат маҳсули бо ранҷ парваридаи худро, ки хоси он минтақа мебошад, инчунин олоти кории кишоварзӣ, тухмии зироат, техникаҳои соҳавӣ, хӯрокҳои миллӣ, гулу буттаҳои ороишӣ ва дигар маҳсулотеро, ки ифодагари ҷашни Сада мебошанд, пешниҳоди ҳозирин мегардонанд.
Дар назар аст, ки дар ҳамоиши мазкур намоядагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони дигар вазорату идораҳо, инчунин аҳли илму адаби мамлакат, кишоварзони вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намоянд Инчунин дар ин рӯз аз ҷониби Вазорати кишоварзии мамлакат тақдими ҷоизаҳо ба фаъолони соҳа низ дар назар дошта шудааст.
Ҷашни Сада аз омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, покиза намудани кӯчаву хонаҳо, кандану тоза кардани ҷӯю заҳбурҳо пайк медиҳад. Дар гузашта сокинони шаҳр ва рустоҳо барои оташафрӯзӣ ҳезум ҷамъ оварда, гулхани бузурге меоростанд ва аз болои оташ парида, дар гирди он давр гаштаву сурудхонон мерақсиданд. Дар натиҷа, меҳру муҳаббат, якдилӣ, дӯстиву рафоқати одамон зиёд мегардид.
Деҳқонон дар айёми ҷашни Сада тухмиҳои хушсифати зироат ва нуриҳои зарурӣ дастрас намуда, олоти корӣ ва заминро барои кишти баҳорӣ омода менамоянд. Ҷӯйбору заҳкашҳоро тоза карда, яхобмонӣ, обшӯй намудани заминҳои шӯр, ворид намудани нуриҳоро амалӣ мекунанд. Ҳамчунин шохабурӣ ва башаклдарории дарахтонро ба анҷом расонида, чорабиниҳоро ҷиҳати мубориза бо зараррасону касалиҳо иҷро менамоянд. Хоҷагидорон низ дар ин давра бо мақсади баланд бардоштани маҳсулнокии чорво, паранда, занбӯри асал ва моҳӣ ҳолати зоогигиении ҷойҳои нигоҳдорӣ, ҳифзи растанию наботот аз касалиҳо ва ғайраро амалӣ мегардонанд.
Ба гуфти олимони соҳаи кишоварзӣ, дар дастархони ҷашни Сада бештар донагиҳо (гандум, лӯбиё, нахӯд, наск, мош, арзан ва ғайра), инчунин хӯрокҳои хушлаззат-мошкичирӣ, лӯбию нахӯдшӯрак, кашк, далда, каллапоча, ширбиринҷ, ширкаду, ширрӯған, қурутоб, фатирмаска, дӯғҷӯшӣ, умоч, шӯрбо ва ғайра гузошта мешаванд.
Ҳамчунин сокинони мамлакат метавонанд дар намоишгоҳи мазкур аз тавсияи олимони соҳаи кишоварзӣ доир ба парвариши ниҳол, гулу буттаҳо ва дигар намуди зиорати кишоварзӣ истифода намоянд.
Шоири маҳбубу хушбаён, муаллифи суруди миллии Тоҷикистон устод Гулназар Келдӣ дар шеъри «Ҷашни Сада» ин идро ба сӯи Наврӯз раҳкушоянда номида, хеле зебо ва дилнишин мегӯяд:
Сада сад раҳ кушояд сӯйи Наврӯз,
Ба рӯйи мо намояд рӯйи Наврӯз.
Сано гӯям ба ин ҷашни ниёгон,
Ки дар сармо расонад бӯйи Наврӯз
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт






