«САДА САД РАҲ КУШОЯД СӮЙИ НАВРӮЗ…». Пагоҳ дар Душанбе ҷашни Сада таҷлил мегардад

Январь 29, 2022 08:48

ДУШАНБЕ, 29.01.2022  /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 30 январ дар  Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷашни Сада ва намоиши ниҳолҳою тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ин рӯз кишоварзон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат маҳсули бо ранҷ парваридаи худро, ки хоси он минтақа мебошад, инчунин олоти кории кишоварзӣ,  тухмии зироат, техникаҳои соҳавӣ, хӯрокҳои миллӣ, гулу буттаҳои ороишӣ ва дигар маҳсулотеро, ки ифодагари  ҷашни Сада мебошанд, пешниҳоди ҳозирин мегардонанд.

Дар назар аст, ки дар ҳамоиши мазкур намоядагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони дигар вазорату идораҳо,  инчунин аҳли илму адаби мамлакат, кишоварзони вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намоянд Инчунин дар ин рӯз аз ҷониби Вазорати кишоварзии мамлакат тақдими ҷоизаҳо ба фаъолони соҳа низ дар назар дошта шудааст.

Ҷашни Сада аз омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, покиза намудани кӯчаву хонаҳо, кандану тоза кардани ҷӯю заҳбурҳо пайк медиҳад. Дар гузашта сокинони шаҳр ва рустоҳо барои оташафрӯзӣ ҳезум ҷамъ оварда, гулхани бузурге меоростанд ва аз болои оташ парида, дар гирди он давр гаштаву сурудхонон мерақсиданд. Дар натиҷа, меҳру муҳаббат, якдилӣ, дӯстиву рафоқати одамон зиёд мегардид.

Деҳқонон дар айёми ҷашни Сада тухмиҳои хушсифати зироат ва нуриҳои зарурӣ даст­рас намуда, олоти корӣ ва заминро барои кишти баҳорӣ омода менамоянд. Ҷӯйбору заҳкашҳоро тоза карда, яхобмонӣ, обшӯй намудани заминҳои шӯр, ворид намудани нуриҳоро амалӣ мекунанд. Ҳамчунин шохабурӣ ва башаклдарории дарахтонро ба анҷом расонида, чорабиниҳоро ҷиҳати мубориза бо зараррасону касалиҳо иҷро менамоянд. Хоҷагидорон низ дар ин давра бо мақсади баланд бардоштани маҳсулнокии чорво, паранда, занбӯри асал ва моҳӣ ҳолати зоогигиении ҷойҳои нигоҳдорӣ, ҳифзи растанию наботот аз касалиҳо ва ғайраро амалӣ мегардонанд.

Ба гуфти олимони соҳаи кишоварзӣ, дар дастархони ҷашни Сада бештар донагиҳо (гандум, лӯбиё, нахӯд, наск, мош, арзан ва ғайра), инчунин хӯрокҳои хушлаззат-мошкичирӣ, лӯбию нахӯдшӯрак, кашк, далда, каллапоча, ширбиринҷ, ширкаду, ширрӯған, қурутоб, фатирмаска, дӯғҷӯшӣ, умоч, шӯрбо ва ғайра гузошта мешаванд.

Ҳамчунин сокинони мамлакат метавонанд дар намоишгоҳи мазкур аз тавсияи олимони соҳаи кишоварзӣ доир ба парвариши ниҳол, гулу буттаҳо ва дигар намуди зиорати кишоварзӣ истифода намоянд.

Шоири маҳбубу хушбаён, муаллифи суруди миллии Тоҷикистон устод Гулназар Келдӣ дар шеъри «Ҷашни Сада» ин идро ба сӯи Наврӯз раҳкушоянда номида, хеле зебо ва дилнишин мегӯяд:

Сада сад раҳ кушояд сӯйи Наврӯз,
Ба рӯйи мо намояд рӯйи Наврӯз.
Сано гӯям ба ин ҷашни ниёгон,
Ки дар сармо расонад бӯйи Наврӯз

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Январь 29, 2022 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд