«Шарҳу тавзеҳи Кодекси андоз дар таҳрири нав». Кумитаи андоз бо мақсади огоҳонидани аҳолӣ саҳифаи махсуси Телеграм ва Viber боз намуд
ДУШАНБЕ, 04.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаи иҷтимоии Telegram саҳифаи махсусе бо номи «Шарҳу тавзеҳи Кодекси андоз дар таҳрири нав» роҳандозӣ гардид, ки ҳадафи он огоҳонидани мардум аз Кодекси нави андоз арзёбӣ мешавад.
Тавре аз Кумитаи андоз ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар шабакаи мазкур маълумоту иттилооти зарурӣ роҷеъ ба Кодекси нави андоз, шакли электронии он, маълумоти графикӣ дар бораи намудҳои андоз, меъёрҳои андоз, имтиёзу сабукӣ ва ғайра барои шаҳрвандон пешниҳод карда мешаванд. Ҳамзамон дар саҳифаи мазкур саволу ҷавобҳо ҷой дода шудаанд, ки дилхоҳ нафар метавонад аз он маълумоти зарурӣ дастрас намояд.
Ёдовар мешавем, ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардида, 23 декабри соли 2021 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расонда шуд, ки дар он дар баробари имтиёзу сабукиҳои мавҷуда сабукиҳои нав пешбинӣ гардидаанд. Аз ҷумла, шумораи андозҳо аз 10 ба 7 номгӯй, меъёри андоз аз арзиши иловашуда аз 18 ба 15, хизматрасониҳои меҳмонхонавӣ аз 18 ба 7, фурӯши маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли дохилӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз 18 ба 5 фоиз расонида шуд.
Суроғаи саҳифа дар Telegram https://t.me/nalogtojik








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






