Тахмина Абдуалиева ва Фирӯза Ғаниева – ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон– 2021»
ДУШАНБЕ, 13.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Мураббияи муассисаи томактабии №23-и шаҳри Хуҷанд Тахмина Абдуалиева ва мураббияи муассисаи томактабии №64-и шаҳри Душанбе Фирӯза Ғаниева дар Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2021» сазовори ҷойи якум гардиданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Инчунин дар озмуни мазкур мураббияи муассисаи томактабии №24-и шаҳри Бохтар Мунира Ризоева соҳиби ҷойи дуюм, мураббияи Маркази инкишофи барвақтии кӯдаки Хазинаи Оғохони шаҳри Хоруғ Гулрӯ Гулбекова ва мураббияи муассисаи томактабии №1-и шаҳри Турсунзода Маҳбуба Пулодова сазовори ҷойи сеюм дониста шуданд.
Маросими ҷамъбасти озмун имрӯз дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён, муовини Вазири маориф ва илм Гулчеҳра Ғанизода, сардорони раёсату шуъба ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, намояндагони раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, кумитаи тадорукоти озмун, аъзои ҳакамон ва иштирокдорони озмун ширкат варзиданд.
Зимни ифтитоҳи озмун Муҳаммадовуд Саломиён зикр кард, ки даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон-2021» давоми се рӯз идома ёфта, ҳар довталаб тибқи низомнома шартҳои муайяншударо иҷро намуда, соҳиби холҳои зарурӣ гашт.
Зикр шуд, ки дарёфт ва муаррифӣ намудани мураббиёни боистеъдоду навовар ва эҷодкор, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонӣ, ташаккули қобилияту фаъолияти эҷодии онҳо дар замони муосир, такмили донишу маҳорати касбӣ ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадами педагогӣ, қадрдонии меҳнати онҳо яке аз ҳадафҳои муҳими озмун маҳсуб меёбад.
Муовини Вазири маориф ва илм Гулчеҳра Ғанизода фаъолияти иштирокчиёни озмунро вобаста ба шартҳо дар алоҳидагӣ мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дод.
Гуфта шуд, ки дар иҷрои шартҳои муайяншуда – ҳисоботи мураббияҳо дар бораи фаъолияти педагогӣ, саволу ҷавоб аз рӯйи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, таҳлилу баррасии ҳолатҳои равонӣ-педагогӣ, гузаронидани машғулияти таълимӣ, баргузории мизи мудаввар, тасвир ва сохтани мавод тибқи мазмуни раванди таълиму тарбия иштирокдорон фаъолияти хуб нишон дода, ҳунару маҳорат ва донишу малакаашонро пешниҳоди ҳакамон гардониданд.
Дар охир ба ҳамаи иштирокдорон ва ғолибон туҳфаҳои Кумитаи тадорукоти озмун, нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар туҳфаҳои арзишманд тақдим гардиданд. Ҳамзамон аз ҷониби Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиёни озмун туҳфаҳои пулӣ ва роҳхат барои истироҳат дар осоишгоҳҳо супорида шуд.
АКСҲО аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон










Дар шаҳри Душанбе маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
«ТОҶИ СОМОН». Қабули филмҳо барои иштирок дар синамоҷашнвораи миллӣ то 15 сентябр идома меёбад
«МОДАРНОМА». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Шариф ифтитоҳ ёфт
СОТИМ УЛУҒЗОДА ВА ҚАДРШИНОСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 115-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода
Дар Душанбе китоби «Президент сказал: Любите!…» рӯнамоӣ гардид
Муовини вазири корҳои хориҷии Умон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Бо корвони «Шоҳнома»: аз Тӯс то Душанбе» ба нашр расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кинотеатри «Ватан» навсозӣ ва бо технологияи муосири намоиши филмҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд
Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ» ҳамоиш доир шуд
Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
Соли 2027 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Покистон баргузор мегарданд






