Тоҷикистон ва Туркия оид ба имконияти сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика ва саноати кӯҳӣ ҳамоиш доир менамоянд
ДУШАНБЕ, 20.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 20 январ вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо муовини Вазири энергетика ва захираҳои табиии Туркия Алпарслан Байрактар баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба вазъи кунунии ҳамкорӣ ва иқиқдомҳои оянда ҷиҳати тақвияти онҳо дар соҳаҳои энергетика ва саноати кӯҳӣ, алалхусус дар доираи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ибрози назар намуданд.
Инчунин ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати дастрас намудани маълумоти бештар оид ба имконияти сармоягузории Тоҷикистон дар фурсати наздик дар соҳаҳои энергетика ва саноати кӯҳӣ вохӯриҳои маҷозӣ ташкил намуда, аз натиҷаи онҳо ҳайатҳои тиҷоратии хешро ба Тоҷикистон ва Туркия сафарбар менамоянд.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки соҳаи энергетика яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад. Соҳаи мазкур бо назардошти захираҳои фаровони обӣ ва иқтидори тавлиди неруи барқ дар ҳаҷми 527 миллиард кВс таваҷҷуҳи сармоягузорони хориҷиро ба кишвар ҷалб менамояд.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон бо чаҳор ташаббуси бузурги ҷаҳонӣ оид ба об яке аз кишварҳои пешсаф дар масъалаҳои обӣ ба ҳисоб меравад.
АКС: ВКХ ҶТ








Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






