«ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ-МУАРРИФИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон Фестивал-озмуни ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 10.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон даври ҷамъбастии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ҳунарҳои мардумӣ-муаррифи фарҳанги миллӣ» ва оғози Солҳои рушди саноат, ки бевосита бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ эълон гардиданд, баргузор шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар фестивали мазкур роҳбарон ва намояндагон аз Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва иттифоқҳои касабаи тобеи он иштирок намуданд.
Зикр гардид, ки фестивали мазкур таҳти унвони «Ҳунарҳои мардумӣ- муаррифи фарҳанги миллӣ» бо ибтикори Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Кумитаи ҷумҳуриявии Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи бофандагӣ ва саноати сабуки Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо якчанд вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор шуда, се сол идома ёфт ва имрӯз ҷамъбаст гардид.
Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иброз намуд, ки «имрӯзҳо ҳамагон дар оғози соли нави мелодии 2022 қарор дорем ва бо истифода аз фурсати муносиб таманнои онро дорам, ки имсол низ идомабахши солҳои созандагиву бунёдкорӣ бошад.
Мақсади асосии ҷамъомади имрӯза — ин оғоз бахшидан ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) мебошад. Ҳадаф аз рушди саноат фароҳам овардани имконият барои рушди истеҳсолот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ буда, тавассути он зиндагии аҳолии мамлакат боз ҳам беҳтар мешавад».
Ҳамзамон мавсуф ба ҳозирин нуктаҳои муҳимтарини Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонида, зикр кард, ки «Паёми навбатӣ- ин давраи навини давлатдории мо буд, чунки дар 30 сол бисёр масъалаҳо ҳалли худро ёфтанд, мо ба роҳи ҳамвор ворид гардидем ва акнун дар ин роҳ бояд қадамҳои устувор гузорем, яъне дар 30 сол пойдевори давлатдории мо сохта шуд ва барои мустаҳкам кардани он боз заҳматҳои даҳчанд зарур аст».
Муовини якуми Вазири саноат ва технологияи нав Бахтиёр Шарифӣ зикр намуд, ки «саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳунарҳои мардумӣ маншаъ мегирад. Агар ба таърих назар афканем, заминаи бофандагӣ, заргарӣ, косибӣ, дуредгарӣ маҳз аз ҳунарҳои мардумӣ сарчашма мегиранд. Аз ин лиҳоз вақти он расидааст, ки дар арсаи байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро на ҳамчун тавлидкунандаи ашёи хом, балки содироткунандаи маҳсулоти ниҳоӣ ба бозори ҷаҳонӣ муаррифӣ намоем».
Мавсуф илова намуд, ки тибқи нақша ва барномаҳои соҳавӣ, Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар панҷсолаи наздик дар заминаи ашёи хоми ватанӣ на кам аз панҷ кластери бузурги саноати сабук таъсис ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шаванд. Масалан, яке аз корхонаҳои бузурге, ки имсол мавриди ифтитоҳ қарор дода мешавад- ин корхонаи бофандагии «Ҷунтай Данғара — Син Силу Текстил» мебошад. Ин имкон медиҳад, ки ҷойҳои нави корӣ таъсис шуда, шароити зиндагии мардум беҳтар карда шавад.
Ҳунарманд аз ноҳия Дарвоз, узви Иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи бофандагӣ ва саноати сабуки Тоҷикистон Иқболбӣ Абдураҳмонова дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки «тӯли 45 сол мешавад ба ҳунармандӣ машғулам ва дар 15 давлати дунё ҳунарҳои дастии худро ба намоиш -фӯруш гузоштаам. Барои мардуми хориҷӣ дар ҳақиқат ҳунарҳои дастии занони тоҷик аҷиб менамояд. Ҳамин аст, ки аз чорабиниҳое, ки берун аз мамлакат доир мегарданд, мо дасти холӣ бармегардем, яъне маҳсулоти дастии моро хеле зиёд харидорӣ мекунанд ва онҳо ба ҳунарҳои дастии қадимии тоҷикон таваҷҷуҳи калон зоҳир менамоянд».
Дар доираи фестивал- озмун барои соҳиб шудан ба дастовардҳои назаррас дар соҳаи бофандагӣ ва саноати сабуки мамлакат, саҳми арзанда гузоштан дар рушду нумӯи ҳунарҳои бадеӣ-халқӣ ва иштироки фаъолона дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ҳунарҳои мардумӣ- муаррифи фарҳанги миллӣ» ва бахшида ба Солҳои рушди саноат намояндагони соҳаи бофандагӣ ва саноати сабук дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо Ифтихорнома, Сипоснома ва Диплом сарфароз гардонида шуданд.
Фестивал-озмуни мазкур бо намоиши либосҳо ва барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ҷамъбаст гардид.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО: АМИТ «Ховар»











Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Дар Тоҷикистон дар оғози моҳи якуми сол ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд
«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд






