Варзишгарони дастаи «Динамо» ғолиби Мусобиқаи гӯштини юнону румӣ байни наврасон гардиданд
ДУШАНБЕ, 10.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Мусобиқаи гӯштини юнону румӣ байни наврасони солҳои таваллудашон 2006-2008 варзишгарони дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохили мамлакат Шамсиддин Олимов дар вазни 52кг, Исмоил Бозоров дар вазни 35кг мақоми аввалро соҳиб гардида, Фаррухи Хуршед дар вазни 52кг, Аҳмадшоҳи Хуршед дар вазни 44кг ба гирифтани ҷойи дуюм сазовор гашта, мақоми сеюм насиби Фарзоду Меҳрзод Юсуфӣ ҳар ду дар вазни 44кг ва Муҳаммад Зоғаков дар вазни 38кг гардид.
Тавре дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусобиқаи мазкур бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани дӯстию рафоқат байни наврасон ва муайян намудани беҳтарин варзишгарон 3-юм ва 4-уми январи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Баргузории мусобиқаи мазкур ба рӯзҳои таътили зимистонаи наврасон рост омада, дар он 10 дастаи мактабҳои варзишии пойтахт бо теъдоди беш аз 70 нафар варзишгар ширкат намуданд.
Аз ҷумла, аз дастаи «Динамо»-и ВКД 10 варзишгар иштирок карда, дар ин мусобиқа ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.
Мавриди ёдоварист, ки бо мақсади баланд бардоштани маҳорати варзишии наврасону ҷавонон дар риштаи гӯштини дзюдо (ҷудо), тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва омоданамоии дзюдочиён ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, дар Муассисаи давлатии «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба дзюдо байни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.
Дар ин мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявӣ дастпарварони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД низ иштирок намуда, маҳорати худро санҷиданд. Дар натиҷаи қувваозмоиҳо динамочӣ Муҳаммад Худоиев дар вазни -60кг миёни ҷавонон сазовори ҷойи аввал гардид.
Ёдовар мешавем, ки ба ин намуди варзиш дар Тоҷикистон, бахусус дар мақомоти корҳои дохилӣ таваҷҷуҳи хосса дода мешавад. Бо дастгирии Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дар заминаи Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД шароити машғул гардидан ба гӯштини дзюдо боз ҳам беҳтар шуда, дар ин самт таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
АКС аз ВКД ҶТ








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






