Имрӯз Агентии омор, Маркази миллии тестӣ ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
ДУШАНБЕ, 16.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 16 феврал Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои И.Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти соли 2021 нишасти матбуотӣ доир менамоянд.
Нишасти матбуотии Агентии омор соати 09:00 дар маҷлисгоҳи Агентии омор баргузор мешавад.
Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотиро соати 11:00 дар Комиссияи олии аттестатсионӣ (кӯчаи Шевченко, 39, назди Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ) доир менамояд.
Нишасти матбуотии Маркази миллии тестӣ соати 14:00 дар маҷлисгоҳи Маркази миллии тестӣ баргузор мешавад.
Нишасти матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И.Сомонӣ соати 09:00 ва Сино соати 14:00 дар бинои ҳукуматҳои ноҳияҳо баргузор мешаванд.
Мувофиқи нақшаи тасдиқшуда масъулини вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилоти дигаре, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа намоянд (хиёбони С.Шерозӣ 16, ошёнаи 2, тел: 238-54-23, 888-08-34-04).
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






