ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Сокинони ноҳияи Фархор ба пешвози иди Наврӯз тавассути ҳашар пули харобгаштаро барқарор намуданд
ДУШАНБЕ, 06.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо тавассути ҳашари якҷояи сокинон пули харобгаштаи деҳаи 1-уми майи Ҷамоати деҳоти ба номи Истиқлоли ноҳияи Фархор, ки ҳамзамон сабаби қатъи рафтуомад ба деҳаи дигар шуда буд, барқарор гардид, хабар доданд аз маркази матуботи раиси ноҳияи Фархор ба АМИТ «Ховар».
Ба гуфтаи масъулин, пули қаблӣ барои гардиши воситаҳои нақлиёт танг буда, душворӣ пеш меовард.
Баъд аз анҷоми корҳои сохтмони пули нав сокинони деҳаи Наврӯзи Ҷамоати деҳоти ба номи Истиқлоли ноҳияи Фархор низ иқдом гирифтаанд, ки пули деҳаи худро, ки солиёни дароз таъмирталаб мебошад, ба тариқи ҳашар навсозӣ намоянд.
Бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани иди Навруз ҳамин гуна ҳашарҳо дар ҳамаи кӯчаву маҳаллаҳои деҳот гузаронида мешаванд. Тариқи ҳашар корҳои аз партовҳо тоза намудани шоҳроҳи марказӣ ва шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабзи арча дар шафати он ҳамарӯза идома доранд.
АКС: Маркази матбуоти раиси н. Фархор








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






