Агентии хоҷагии ҷангал: Соли 2022 майдони бунёду барқароркунии ҷангал 700-800 гектар зиёд карда мешавад

Февраль 9, 2022 14:46

ДУШАНБЕ, 09.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 тибқи нақшаи Агентии хоҷагии ҷангал 700-800 гектар майдони бунёду барқароркунии ҷангал зиёд карда мешавад. Ин матлабро муовини директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Наим Набизода имрӯз зимни нишасти матбуотии ниҳоди мазкур иброз намуд.

Мавсуф дар посух ба суоли мухбири АМИТ «Ховар» дар мавриди он ки  вобаста ба тағйирёбии иқлим аз ҷониби агентӣ баҳри васеъ намудани майдони ҷангалзор чӣ корҳо анҷом дода мешаванд, зикр дошт, ки «Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба парвариши намудҳои гуногуни дарахту буттаҳои  маҳаллӣ, ки ба шароити ҷумҳурӣ хос буда, дар раванди тағйирёбии иқлим  хеле муҳим мебошанд, диққати ҷиддӣ медиҳад. Бо ин мақсад имрӯз дар Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ ва ниҳолхонаҳои хурди назди хоҷагиҳои ҷангал кӯчату парвариши  ниҳолҳои дарахтони сояафкан, ороишӣ, ҳамешасабз ва мевадиҳанда ба роҳ монда шудааст».

Наим Набизода  зикр намуд, ки соли 2021 бештар аз 2 ҳазору 48 гектар ҷангалзор бунёду барқарор гардида,  дар асоси нақшаи чорабиниҳо дар шоҳроҳҳои Душанбе – Ваҳдат – Рашт, Душанбе – Варзоб, Душанбе – Кӯлоб ва дигар мавзеъҳову таллу теппаҳо бештар аз 96 ҳазор гектар дар соли сипаришуда дарахту буттаҳо шинонида шудаанд.

Дар ин самт аз ҷониби мутахассисони агентӣ маълумоту барномаи махсус таҳия гардида, ба Ҳукумати мамлакат  пешниҳод шудааст. Масъалаи асосии барномаи мазкур бунёду барқароркунӣ ва сабзазоркунӣ ба ҳисоб меравад.

Бо мақсади сабзу хуррамгардонии мамлакат ва зиёд намудани миқдори ниҳолҳо ҳар сол дар беш аз 3 ҳазор гектар майдони муассисаҳои давлатии хоҷагии ҷангал ва корхонаҳои воҳиди давлатӣ ниҳолу буттаҳо парвариш карда мешаванд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 9, 2022 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад