Ба аъзои ташкилоти ибтидоии «Корвон» ва «Манзил» Паёми Пешвои миллатро тафсир намуданд

Февраль 12, 2022 09:40

ДУШАНБЕ, 12.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ташкилоти ибтидоии “Корвон”-и ҶДММ «Бозори Корвон» ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён, раиси ташкилоти ибтидоии «Корвон»  Абдураҳмон Машрабов,  директори иҷроияи ҶДММ «Бозори Корвон» Ҳалима Мавлонова  ва аъзои ташкилоти ҳизбӣ вохӯрӣ доир гардид. Дар ин бора мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Муслим Усмонзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Дар вохӯрӣ Абдураҳим Шоҳиён зикр кард, ки Паёми Пешвои миллат ҳуҷҷати стратегиест, ки дар заминаи он дигар нақшаву барномаҳо тарҳрезӣ гардида, нисбат ба солҳои қаблӣ тафоввути калон дошт, зеро ин Паём таҳлилҳои 30 соли соҳибистиқлолиро дар бар мегирифт.

-Дар замони истиқлолият маданияти истифодаи замин куллан беҳтар гардида, аз як қитъаи замини обӣ гирифтани 2-3 ҳосил ба ҳукми анъана даромад, ки барои бамаротиб зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат карда истодааст. Бо ҳамин роҳ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таъмин гардида, аз 11 миллиарди соли 1992 ба 40 миллиард сомонӣ дар соли 2021 расонида шуд, яъне қариб 4 баробар афзоиш ёфта, имрӯзҳо зиёда аз 90 фоизи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба бахши хусусӣ рост меояд, -иброз намуд А.Шоҳиён.

А.Шоҳиён  ҳамчунин зикр намуд, ки барои таъмин намудани рафтуомади бемамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар тамоми фаслҳои сол байни минтақаҳои кишвар, инчунин, раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он 59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта ба истифода дода шуд.

Инчунин дар маҷлисгоҳи КВД-и «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён, Директори генералии КВД-и “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” Усмон Давлатзода, муовини якуми директори генералӣ Ҷурахон Ғаффорзода, муовини директори генералӣ ва аъзои ташкилоти ибтидоии “Манзил” Хуршед Ҷабборзода маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар маҷлис А. Шоҳиён оид ба нақши аҳзоби сиёсии кишвар дар ташаккули давлатдории навини Тоҷикистон, хусусан нақши аъзо ва ҷонибдорони ҳизби мазкур дар рушду пешрафти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати мусоидат дар ҳалли мушкилоти мардум ибрози андеша намуд.

Таъкид гардид, ки вобаста ба ҷаҳони муосири зудтағйирёбанда аъзои ҳизбро зарур аст, ки фаъолияти худро бозбинӣ намуда, дар муборизаҳои иттилоотӣ баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ пешқадаму фаъол бошанд.

Зикр шуд, ки обрӯ ва нуфузи ҲХДТ дар ҷомеаи кишвар ва берун аз он бо хизматҳои хастагинопазири Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам аст.

Дар кори маҷлиси ҳизбӣ раис ва муовини раиси ташкилоти ҳизбии “Манзил” бинобар сабаби иваз намудани ҷойи кор бозхонд гардида, Усмон Давлатзода – раиси ташкилоти ибтидоӣ ва Хуршед Ҷабборзода – муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ бо ҷонибдории аъзои ташкилоти ҳизбӣ аз сари нав интихоб гардиданд.

Дар идомаи маҷлис А. Шоҳиён вобаста ба соҳаҳои мухталифи кишвар, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат ироа гардида буданд шарҳу тавзеҳ дода, зикр намуд, ки дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуда, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт.

-Дар ин давра мо беш аз 2000 мегаватт иқтидорҳои энергетикии иловагӣ бунёд кардем. Дар натиҷа соли 2011 дар таърихи навини Тоҷикистон системаи ягонаи энергетикӣ ба вуҷуд оварда шуд ва устувории фаъолияти соҳа таъмин гардид. Дар бист соли охир ба кишвар беш аз 150 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 59 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб карда шуда, барои рушди соҳаи саноати кишвар беш аз 35 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардид,-хотирасон шуд номбурда.

Мавсуф инчунин таъкид намуд, ки “вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозанд, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишвар диққати аввалиндараҷа диҳем.

 

АКСҲО: КИ ҲХДТ дар н. Фирдавсӣ

Февраль 12, 2022 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони беш аз 15 ҳазор манзил дар шимоли Уганда аз обхезиҳо зарар диданд
Бар асари борони сел дар Чин 11 нафар бедарак шудаанд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ бояд суръати интернетро баланд бардоранд, на нархи интернет ва алоқаи мобилиро»
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, сешанбе, 114-умин рӯзи соли 2024 аст
Ҷавонон бо фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд
Чин дар робита бо бориши шадид ҳушдори сатҳи «норинҷӣ» эълон намудааст
АЗ УРФУ ОДАТ ВА ФАРҲАНГИ БЕГОНА ПЕШГИРӢ МЕНАМОЕМ! Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд
Бо супориши Президенти Тоҷикистон ба аҳолии аз боронҳои сел зарардидаи мамлакат кумак расонида шуд
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ тавассути технологияи иттилоотӣ аҳамияти хосса пайдо намудааст
Ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ таҳким меёбад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад