Ба Душанбе боз 30 адад автобусҳои тамғаи «AKIA» ворид карда мешаванд

Февраль 17, 2022 13:30

ДУШАНБЕ, 17.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 тибқи шартномаи баимзорасида 10 адад автобуси дуошёна ва 50 адад автобуси тамғаи «AKIA» бо дарозии 8 метр аз ширкати муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ гардид. То инҷониб 10 автобуси дуошёна ва 20 адад автобуси мусофиркаш мавриди истифодаи сокинону меҳмонони пойтахт қарор гирифтаанд. Ҳоло 30 адад автобуси боқимондаи тамғаи «AKIA» дар ширкати мазкур банду баст гардида истодаанд. Ин матлабро муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ба хабарнигорон баён дошт.

Зикр шуд, ки бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи ҳамкории судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон аз ҳисоби маблағҳои грантии давлати Ҳиндустон лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгард аз Дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи «Чортут»-и пойтахт, ки тарҳи муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон маҳсуб мешавад, бо дарозии 9,2 километр ва паҳноии аз 50 то 70 метр бо маблағи 46,5 миллион доллари ИМА ба нақша гирифта шуда, айни замон корҳо дар қитъаҳои 2 ва 3 бо дарозии 5 км бомаром идома доранд.

Инчунин дар асоси иқдомҳои созанда ва дастгириҳои бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати мукаммалгардонии парки техникии корхонаҳои коммуналии шаҳри Душанбе бо таҷҳизоту воситаҳои муосир дар асоси Созишнома бо Ҳукумати Ҷумҳурии Чин давоми соли 2021 ба пойтахт 466 адад техникаҳои коммуналӣ оварда шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар хатсайри автобусгарду троллейбусгард пардохти роҳкиро пурра тариқи низоми электронӣ ба роҳ монда шуда, корҳо дар самти марҳилаи дуюми лоиҳа ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми мазкур дар хатсайрҳои микроавтобусӣ оғоз гардидаанд.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

 

 

Февраль 17, 2022 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид