Баҳодур Шерализода ба Мамнӯъгоҳи табиии давлатии «Даштиҷум» сафари корӣ анҷом дод

Февраль 8, 2022 08:30

ДУШАНБЕ, 08.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади аз наздик шинос шудан бо фаъолияти мамнӯъгоҳи «Даштиҷум», шароити кори кормандону мутахассисон ва ҳавасмандгардонии онҳо  Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Баҳодур Шерализода  ба мамнӯъгоҳи мазкур  сафари корӣ анҷом дод, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.

Баҳодур Шерализода аз идораи маъмурии мамнӯъгоҳ дидан намуда, бо роҳбарият ва ҳайати кормандони он вохӯрӣ анҷом дод. Зимни  натиҷаҳои фаъолияти мамнӯъгоҳ дар соли 2021 ва дигар масъалаҳои ҷории марбут ба фаъолияти мамнӯъгоҳ баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин дар ҷараёни мулоқот аз ҷониби раиси Кумита бо мақсади беҳтар намудани шароити корӣ, таъминоти моддии мамнӯъгоҳ ва ҳавасмандгардонӣ ба кормандони он 20 ҷуфт либоси соҳавӣ ва дастгирии молиявӣ расонида шуд.

Дар ҷараёни сафарӣ корӣ раиси Кумита аз экосистемаҳои табиии Мамнӯъгоҳи табиии давлатии «Даштиҷум» дидан намуд.

Дар фарҷоми сафари корӣ раиси Кумита нақши муҳими Мамнӯъгоҳи табиии давлатии «Даштиҷум»–ро дар ҳифзу нигоҳдорӣ ва афзунгардонии захираҳои гуногунии биологӣ, алалхусус саршумори намудҳои нодир ва зери хатари нестӣ қарордоштаи олами ҳайвонот, аз қабили бузи кӯҳии пармашох ва бабри барфӣ зикр  намуда, ҳамзамон ба масъулин ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти назорати давлатӣ ва пешбурди мақсадноки корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ супоришҳои мушаххас дод.

Мавриди зикр аст, ки Мамнӯъгоҳи давлатии табиии «Даштиҷум» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1983 дар ҳудуди ноҳияи Шӯробод дар масоҳати 19700 га таъсис дода шудааст. Он дар доманаи ҷанубии каторкӯҳи Дарвоз ҷойгир аст. Мамнӯъгоҳ бо мақсади нигоҳдории охирин маскани зисти бузҳои шохпечи Морхур ва Муфлони осиёимиёнагӣ дар Осиёи Марказӣ таъсис дода шудааст. Мақсади асосии созмони мамнӯъгох аз омӯзиш, барқарор ва ҳифзи популятсияи аҷоиби табиии бузи пармашох (морхур), ҳифзи растаниҳои ғизоию табобатӣ ва популятсияи он — зираи бухороӣ иборат буд. Олами растаниҳои мамнуъгох гуногун аст: ҷамоаҳои юған, камол, ширеш, бодом, челон, калофак, писта номгӯи ками онҳост. Дар мамнӯъгоҳ намудҳои нодир ва камчин, ба монанди савсан, пиёзҳо, лола, намудҳои растаниҳои тропикӣ ва субтропикӣ, аз ҷумла нок, анҷир, хурмо, анор ва зираи бухороӣ, ки дар замони мо дар сатҳи табиӣ популятсия ва ҷамоаҳои он фақат дар ҳамин мамнӯъгоҳ боқӣ мондаанд, месабзанд.

Дар он ҳамчунин бузи пармашох (морхур), агамаи туркистонӣ, баҳтур, гурза, мори обӣ, бургут, гунҷишки испанӣ, кабк, хирс, паланг, гург ва ғайра зиндагӣ мекунанд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ

Февраль 8, 2022 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ тавр пеш аз сафар ба Русия тавассути барномаи RuID дархост фиристодан мумкин аст?
25 сол дар алоқа: оид ба ивазшавии наслҳо, рақамикунонӣ ва корҳои муҳими ба чашм ноаён
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба хотири гиромидошти 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Шаҳринав ҳамоиши илмӣ доир шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи май дар пойтахти Тоҷикистон Фестивали об баргузор мешавад
Оид ба масъалаҳои мубрами филологияи Шарқ ва робитаҳои адабӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Каналҳои магистралии Вахш ва Шуробод ба таҷдиди куллӣ фаро гирифта шудаанд
Дар заминҳои назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Кӯшониён картошка кишт карда шудааст
Сулҳофар, тоҷикпарвар, ваҳдатгаро, ташаббускор, роҳкушо, нурофар, сипаҳсолор — ҳафт сифати барҷастаи роҳбарии Пешвои миллат
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад