Ба сокинони ноҳияи Шаҳринав нуктаҳои Паёми Пешвои миллат шарҳ дода шуданд

Февраль 13, 2022 08:30

ДУШАНБЕ, 13.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав,  аъзои гурӯҳи корӣ дар ҳайати кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҷавонон, САҲШ, бахшҳои кор бо занон, дин, сайёҳӣ ва котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия доир ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат бо аҳолӣ вохӯрию суҳбатҳо доир намуда истодаанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав хабар доданд.

Роҳбари гурӯҳи корӣ, муовини раиси ноҳияи Шаҳринав  оид ба соҳаи иҷтимоӣ Шоиста  Неъматуллозода иброз дошт, ки аз ироаи Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳия рӯҳбаланд гардида, онро чун мароми зиндагӣ қабул намуданд. Мавсуф зикр намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба роҳ мондани се ҳадафи стратегӣ: расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ҳадафҳои судманде мебошанд, ки дар арафаи амалишавӣ қарор доранд.

Шоиста  Неъматуллозода доир ба ҳадафи чоруми стратегӣ -саноатикунонии мамлакат ва эълон гардидани солҳои 2022 — 2026 Солҳои рушди саноат сухан намуда, ташаббуси навбатии Пешвои миллатро ғамхорӣ ва лутфи  беандоза барои мардуми шарафманди кишвар арзёбӣ намуд. Зеро дар заминаи ин соҳаҳои иқтисодии мамлакат рушд намуда, коргоҳҳои хурду бузурги саноатӣ бунёд гардида, ташкили ҷойҳои нави корӣ барои таъмини шуғли аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.

Аъзои  гурӯҳи корӣ дар асоси дастуру супориш ва роҳнамоиҳои Паёми навбатии Пешвои миллат вобаста ба рушди соҳаи кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, занон, оила ва рушди варзиш, пешгирии таассубу ифротгароӣ дар миёни ҷавонон ва корҳои созандагию бунёдкорӣ  бахшида ба 35 -солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мардум суҳбату вохӯриҳо доир намуда истодаанд.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Мушарафа Шарипова изҳор дошт, ки таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф дар Паёми навбатӣ бештар буд, чунки таъмини тараққиёти минбаъдаи давлат аз устувории пояи маориф буда, ба ҷомеаи мо кадрҳои саводнок, ботаҷриба, ихтисосманд, ихтирокор,  навовар ва забондону соҳбтаҷриба заруранд.

Мудири бахши кор бо занон ва оила дар ноҳия  Дилафрӯз Азимова изҳор намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои  бонувон роҳкушои зиндагӣ мебошад. Чунки дар Паёми навбатӣ  Пешвои миллат барои панҷ соли оянда омода ва амалигардонидани Барномаи нави устувор намудани мавқеи занонро дар ҷомеа дастур доданд.

Ҳамчунин сокинони ноҳия бо дасту дили гарм ваъда доданд, ки фаъолияти худро дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, саҳми арзандаи худро дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистон гузошта, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои шоиста истиқбол намоянд.

 

АКСҲО: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав 

Февраль 13, 2022 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Туркия таҳким меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок дорад
Чат-боти Доно доир ба кор бо муроҷиати муштариён маълумот медиҳад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг баррасӣ шуд
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи технологияҳои иттилоотии Чанчжоуи Чин ҳамкориро густариш медиҳанд