Ба сокинони ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Сино нуктаҳои Паёми Пешвои миллат шарҳ дода шуданд

Февраль 17, 2022 16:30

ДУШАНБЕ, 17.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Нигоҳ доштани сулҳу субот ва таъмини тартибот аз ҳамкорию ҳамбастагии ҳамаи қишрҳои ҷомеа вобастагии калон дорад. Танҳо дар якҷоягӣ ва бо иттиҳод метавон дар пешрафту шукуфоӣ ва бунёди ҷомеаи мутамаддин саҳм гузошт», – чунин зикр намуд сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Шариф Назарзода зимни мулоқот бо сокинону фаъолони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Раёсати ВКД хабар доданд, ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 21 декабри соли 2021 ироа гардид, силсилавохӯрӣ ва суҳбатҳои судманди роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии пойтахт бо сокинони шаҳри Душанбе доир гардида истодаанд.

Дар мулоқоти навбатӣ бо сокинони ноҳияи Фирдавсӣ сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Шариф Назарзода, комиссари ҳарбии шаҳри Душанбе полковник Муҳаммад Абдухолиқзода, раиси ноҳияи Фирдавсӣ Фатҳиддин Усмонзода ва фаъолону сокинони ноҳия ширкат намуданд.

Шариф Назарзода гуфт, ки Паёми навбатӣ санади муҳиму раҳнамунсоз баҳри шукуфоии миллат ба ҳисоб рафта, тамоми самтҳои фаъолияти сиёсиву иҷтимоӣ ва дурнамои давлатдориву зиндагонии мардумро фаро мегирад. Дар ин раванд ҳар фарди ҷомеа бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ баҳри ободу зебо гардонидани кишвар, пос доштани арзишҳои милливу фарҳангӣ ва ҳифзи марзу буми аҷдодӣ бояд ҳисса гузорад.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин пиромуни содиршавии амалу кирдорҳои номатлубу халалдоркунандаи тартибот сухан рафта, зикр гардид, ки дар тарбияи ҳуқуқиву маънавии фарзандон ва инкишофи зеҳниву маънавии онҳо ҳар нафар, махсусан волидайн бояд масъулияти ҷиддӣ эҳсос намоянд. Зеро тибқи таҳлилҳо, маҳз бепарвоию беназорат мондани фарзандон сабаби содирнамоии амалҳои хилофи қонун гардидааст.

Ҳамзамон Фатҳиддин Усмонзода иброз дошт, ки сокинони ин ноҳия бо масъулияти баланд баҳри иҷрои дастуру супориш ва раҳнамоиҳои Пешвои миллат камари ҳиммат баста, баҳри пешрафту шукуфоии шаҳри Душанбе бо тамоми масъулият кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Чунин мулоқоти озоду ошкоро бо сокинону фаъолони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе низ доир гардид. Дар мулоқоти мазкур роҳбарияти милитсияи пойтахт, комиссариати ҳарбии шаҳри Душанбе, раиси ноҳияи Сино ва сокинону фаъолони ноҳия ширкат намуданд.

Дар ҳамоиш сардори мақомоти милитсияи пойтахт Шариф Назарзода нуқтаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ дод.

Зикр шуд, ки Президенти кишвар дар Паёми навбатӣ ба неруи ҷавонон ва ҷалби онҳо ба илму дониш, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва хизмат ба сафи Артиши миллӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, пайваста ҷавононро қишри ояндасози миллату давлат меҳисобанд. Тавре Пешвои миллат зимни як суханрониашон иброз доштанд: «Барои насли наврас яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт – дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд!».

Вобаста ба ин, аз кулли фаъолон ва иштирокдорони мулоқот даъват ба амал оварда шуд, ки ҳамаи институтҳои шаҳрвандӣ, махсусан он нафароне, ки дар таълиму тарбияи насли ҷавон масъуланд, беш аз пеш дар тарбияи фарзандон саҳм гузошта, ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ сардори мақомоти милитсияи пойтахт ҳамзамон вазъи содиршавии ҷиноят ва амалу кирдорҳои номатлуб дар ҳудуди ноҳияи Синоро бо овардани далелу рақамҳои мушаххас баррасӣ намуда, ҷиҳати бартарафсозии онҳо роҳу усулҳои муосир пешниҳод намуд.

 

АКСҲО: Маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе

Февраль 17, 2022 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт