Ба сокинони шаҳри Кӯлоб Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон шарҳ дода шуд
ДУШАНБЕ, 04.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 2 феврал дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб вохӯрии масъулини шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мардумии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо фаъолону сокинони шаҳри Кӯлоб баргузор шуда, зимни он сатҳи иҷрои фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Дар бораи Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин», «Ғайриқонунӣ ба роҳ мондан ва гирифтани таълими динӣ» баррасӣ гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар бахши матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.
Сардори Раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ваҳобзода, раиси Шӯрои собиқадорони вилоят дар минтақаи Кӯлоб С. Исмоилзода, муовини раиси суди вилоят Назрӣ Муҳамадвалӣ, сардори шуъбаи байниноҳиявии Раёсати Агентии маводи нашъовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб Азим Назризода, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Муҳаммадӣ Шарифзода оид ба масоили зикргардида ибрози андеша намуданд.
Барои дар сатҳи баланд амалӣ гардидани барномаҳои давлатӣ ва иҷрои бечунучарои қонунҳои дар ин самт татбиқгардида бояд чорабиниҳои оммафаҳмонӣ тақвият дода шуда, ҷиҳати маърифатнокии аҳолӣ аз тамоми воситаҳои фарҳангиву иттилоотрасонӣ самаранок истифода бурда шавад.
Зимни суҳбати ошкорову табодули андеша бо аҳли ҷамоати шаҳри Кӯлоб ҳозирин ташкили ин гуна вохӯриҳоро бо тамоми қишрҳои ҷомеа муфид арзёбӣ намуданд.
АКСҲО: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






