БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ! Дар Душанбе таҳти ин унвон Фестивали афсарону сарбозон доир мешавад
ДУШАНБЕ, 16.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Аз 17 то 22 феврал дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Барои давлату миллатам содиқона хизмат мекунам» Фестивали II дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ баргузор карда мешавад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе ба тасвиб расид.
Тавре дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, фестивали мазкур ба 29-солагии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, бо мақсади самараноку мақсаднок истифода намудани инфрасохтори соҳаи варзиши пойтахт, ҷалби афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватию тодаъватӣ ба варзиш ва таҳкими тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани рўҳияи афсарону сарбозон дар роҳи содиқона хизмат кардан ба Ватан, ҷалби ҷавонони синни даъватию тодаъватӣ ба ватандӯстию хештаншиносӣ, шиносоӣ пайдо намудан бо шароити хизмати афсарону сарбозон, ҷалби ихтиёрии онҳо ба хизмати ҳарбӣ доир карда мешавад.
Тибқи қарори дахлдор Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе муваззаф гардидааст, ки аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ҷиҳати ташкил ва баргузории Фестивали мазкур 105 ҳазору 590 сомонӣ маблағ ҷудо намояд.
Инчунин муовини Раиси шаҳри Душанбе сарпарасти соҳа, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ҳамкорию ҳамоҳангӣ бо сохторҳои марбута, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланди касбӣ доир намудани чорабинии мазкур вазифадор гардидаанд.
АКС:АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид






