Дар Душанбе сохтмони бинои Коллеҷи хореографии ба номи Малика Собирова ва Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов оғоз гардид

Февраль 10, 2022 16:23

ДУШАНБЕ, 10.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар хиёбони Рӯдакии (№28) ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сохтмони бинои Коллеҷи хореографии ба номи Малика Собирова барои 140 хонанда ва Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов барои 320 хонанда оғоз гардид. Дар як қисмати бинои мазкур Коллеҷи хореографӣ ва дар тарафи дигари он Коллеҷи санъат ҷойгир карда мешаванд, хабар доданд ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе.

«Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам  Рустами Эмомалӣ аз 9 декабри соли 2021, №728  гурӯҳи лоиҳакашии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе лоиҳаи бинои мазкурро  таҳия намуд. Шакли берунии бино ба  Театри академии давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ шабоҳат дошта, масоҳати он 3600 метри квадратиро  дар бар мегирад. Дар муассисаи таълимӣ дар баробари дигар утоқҳо бунёди 32 синфхонаи муосир ва 6 адад толорҳои барҳавои  рақс барои  жанрҳои гуногун пешбинӣ гардидааст. Шароити таълим дар муассисаи мазкур  ба стандартҳои байналмилалӣ  мутобиқ гардонида мешавад», — афзуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи М.Собирова» соли 2003 таъсис ёфтааст. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2007 таълимгоҳ ба номи балеринаи шинохтаи тоҷик,  Ҳунарманди  халқии СССР Малика Собирова гузошта шудааст. Дар коллеҷ мутахассисони касбии соҳаи хореография барои ансамблҳои рақсӣ ва Театри академии давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ тайёр карда мешаванд.

Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов соли 1945 ҳамчун Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе дар заминаи мактаби мусиқии № 1 таъсис дода шуд ва он дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ қарор дошт. Соли 1950 омӯзишгоҳ ба бинои нав кӯчид. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2004 ба Муассисаи давлатии Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов табдил дода шудааст.

 

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Аксҳо: Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе

Февраль 10, 2022 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад