Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон донишҷӯёни ятими кулл, маъюбон ва ниёзмандон аз пардохти маблағи таҳсил озод карда шудаанд
ДУШАНБЕ, 03.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон донишҷӯёни ятими кулл, маъюбони гурӯҳи 1, 2 ва донишҷӯёни нимятиму камбизоат аз пардохт намудани маблағи таҳсил озод карда шудаанд. Инчунин ба онҳо кумакпулии яквақатаинаи молиявӣ пардохт карда мешавад. Чунин маълумот дод ректори Донишгоҳи технологӣ Илҳом Амонзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон.
Илҳом Амонзода оид ба фаъолияти донишгоҳ маълумоти муфассал дода, гуфт, ки айни ҳол дар донишгоҳ 9 нафар донишҷӯёни ятими кулл, 11 нафар донишҷӯёни маъюби гурӯҳи 1, 2 ва зиёда аз 357 нафар донишҷӯёни нимятим ва камбизоат ба қайд гирифта шудаанд.
Ҳамзамон мавсуф афзуд, ки барои вусъат додани ҳамкории байналмилалӣ Донишгоҳи тенологӣ бо муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, созмону ширкатҳои хориҷӣ шартнома ва созишномаҳои тарфайн ба имзо расонидааст.
Зикр гардид, ки дар доираи ин ҳамкорӣ соли сипаригардида намояндагони муассисаву корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Корея ба донишгоҳ омада, ҷиҳати вусъат бахшидан ба раванди ҳамкории тарафайн созишнома ба имзо расониданд. Инчунин дар донишгоҳ Маркази таълимии муҳандисии лифтсозӣ дар ҳамкорӣ бо Коллеҷи лифти Корея ифтитоҳ гардид. Ин марказ дар оянда бо таҷҳизоти соҳавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, мутахассисони соҳаи лифтсозӣ омода менамояд.
Баъдан миёни роҳбарияти донишгоҳ ва журналистон доир ба шароиту имконияти таҳсил, робитаҳои илмию таълимии донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар, ҷараёни таҷрибаомӯзии донишҷӯён, бо ҷои кор таъмин намудани онҳо ва дигар масоили вобаста ба беҳтар ба роҳ мондани сатҳу сифати таълим, омода намудани мутахассисони рақобатпазири ба талаботи бозори меҳнати дохили кишвар ва хориҷи он ҷавобгӯ саволу ҷавоб сурат гирифт.
АКС: АМИТ “Ховар”








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






