Дар Душанбе Фестивали II дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ ифтитоҳ ёфт

Февраль 18, 2022 15:46

ДУШАНБЕ, 18.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар саҳни Маркази таълимии «Пойтахт», қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Фестивали II дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ таҳти унвони «Барои давлату миллатам содиқона хизмат мекунам» ифтитоҳ гардид. Дар он тамоми дастовардҳои ҳарбию низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе адои фаъолият менамоянд, ба намоиш гузошта шуд, иттилоъ доданд дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Дар фестивал муовини Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода, муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусаттор Шоҳиён, роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, роҳбарияти воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, беш аз 1200 нафар афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватию тодаъватӣ ҳузур доштанд.

Фестивал аз чор қисмати асосӣ иборат буда, қисмати аввали онро маросими ифтитоҳӣ, қисмати дуюму сеюми онро бахшҳои варзишӣ аз рӯйи намудҳои варзишии футболи хурд, волейбол, шоҳмот, гӯштини миллӣ ва варзиши сабук дар ду марҳила, марҳилаи интихобии 1-ум дар заминаи қисмҳои ҳарбию низомӣ ва марҳилаи интихобии 2-юм дар сатҳи шаҳр, инчунин даври чоруми фестивалро маросими ҷамъбастӣ ва ҷоизасупории дастаҳои ғолиб бо барномаи рангини фарҳангӣ ташкил намуд.


Инчунин дар доираи фестивал бо иштироки роҳбарият, афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ ва тодаъватӣ дар «Кохи афсарон»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ – амалӣ ва назариявӣ зери унвони «Дастовардҳои ҳарбию низомии даврони истиқлолият: ҳолат ва дурнамо», «Пос доштани обу хоки Ватан — рисолати ҷавонмардист» бо пешниҳоди роликҳои тарғиботӣ бо ҷалби 100 нафар, ташкили мулоқоту суҳбатҳо бо афсарону сарбозон ва курсантон дар Донишкадаи олии ҳарбӣ, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар ҷузъу томҳои қувваҳои мусаллаҳ (дар сатҳи Раёсат ва комендатура) бо ҷалби қариб 1000 нафар, ташкили мизи мудаввар дар мавзӯи «Хизмат ба Ватан — шарафи ҷавонмардист!» бо фарогирии 70 нафар ва ташкили аксияҳои иттилоотию тарғиботӣ дар мавзӯи «Ба муҳофизати Ватани маҳбубамон омода бош!» бо тақсими беш аз 5000 адад варақаҳои иттилоотӣ ва 500 адад китобҳои ватандӯстона доир карда мешаванд.


Дар назар аст, ки дар марҳилаи 2-юми ҷамъбасти фестивал, ки 22 феврал дар толори «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ғолибон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо Диплом, медал, ҷом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шаванд.

Ёдовар мешавем, ки фестивали мазкур бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 17 то 22 феврал дар ҳудуди пойтахт баргузор мегардад.

 

АКСҲО: шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Февраль 18, 2022 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд