Дар Хатлон ба хизматҳои содиқонаи бонувони собиқадори сохторҳои низомию қудратӣ арҷ гузошта шуд
ДУШАНБЕ, 23.02.2022 /АМИТ «Ховар/. Ба ифтихори 29-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён бо занони собиқадори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон доир гардид, хабар доданд аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон.
Раиси кумита ҳамаи иштирокдорон ва дар симои онҳо кулли занонеро, ки баробари мардон дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат адои хизмат мекунанд, бо 29-умин солгарди Артиши миллии кишвар таҳният гуфта, сол то сол афзудани шумораи занонро дар сафи Артиши мамлакат ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ падидаи мусбат арзёбӣ намуд.
Раиси Ташкилоти ҷамъиятии собиқадорони ҷангу меҳнат дар шаҳри Бохтар Тӯтихон Назарова гуфт, ки ҳоло таваҷҷуҳу ғамхориҳои роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба занон бештар гардида, баҳри болоравии мавқеи онҳо дар ҷомеа тадбирҳои муфид андешида мешаванд.
Дар Паёми имсолаи Сарвари давлат низ барои боз ҳам баланд бардоштани ҳуқуқу манфиатҳои занон ва дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият намудани онҳо сухан гуфта шуд.
Инчунин дар ҳамоиш ёдрас гардид, ки Артиши миллии мо пас аз соҳибистиқлолӣ дар вазъияти ниҳоят мушкили сиёсӣ, дар ҳоле таъсис ёфт, ки ҳеҷ пойгоҳи аввал ё заминаи моддию техникии ҳарбӣ дар мамлакат вуҷуд надошт. Хушбахтона, бо шарофати хираду заковати азалии миллати тоҷик ва ҷонбозиву фидокориҳои фарзандони далеру шуҷои халқамон, аз ҷумла афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи навтаъсиси кишвар мо тавонистем, ки аз вартаи фалокатбор раҳоӣ ёбем, ба хотири бунёди давлати ҷавони миллиамон нахустин қадамҳои худро гузорем ва минбаъд онро пойдору устувор гардонем.
Дар охири ҳамоиш аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба як гурӯҳ занони собиқадори Вазорати корҳои дохилӣ туҳфаҳои хотиравӣ ва Сипоснома тақдим карда шуданд.
АКСҲО: КИ ХХДТ дар вилояти Хатлон










СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад






