Дар Хатлон Маркази тренингӣ ба фаъолият оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 17.02.2022 /АМИТ «Ховар/. Бо мақсади тақвияти донишу малакаи кормандони кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳо дар назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Маркази тренингӣ таъсис дода шуд. Дар марказ бо ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба барои кормандони ҳизбӣ курсҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд, хабар доданд аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон.
15 феврал нахустин курси омӯзишӣ бо иштироки сармуҳосибони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оғоз гардид. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён изҳор дошт, ки бояд буҷети кумитаҳо самараноку мақсаднок масраф шуда, дар ин ҷода масъулияти ҷиддӣ дошта бошем.
Зикр гардид, ки курси омӯзишӣ бо иштироки сармуҳосибони кумитаҳои ҳизбӣ то 17 феврал идома ёфта, омӯзгорон мавзӯъҳои тарзу усулҳои ташкил ва таъмини буҷет, ҷамъоварии ҳаққи узвият, хароҷот аз рӯи талабот, тартиби ҳавасмандгардонии ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, усули ташкил ва пешбурди махзани варақаҳои шахсӣ ва дигар масоили идоравиро бо иштирокчиён баррасӣ менамоянд.
Мақсад аз фаъолияти Маркази тренингӣ ва ташкили пайвастаи курсҳои омӯзишӣ- ин таҳким бахшидани коргузорӣ, аз ҷумла рушди асосҳои идоракунӣ, муносибатҳои ташкилию сиёсӣ ва тақвият бахшидани захираҳо оид ба такмили дониши кормандони ҳизбӣ арзёбӣ мегардад.


Масъулони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон назди худ мақсад гузоштаанд, ки аз ин пас дар ин марказ курсҳои омӯзиширо ба таври доимӣ ба роҳ мемонанд ва шунавандагон аз рӯи мавзӯъҳои муайяншуда бо сертификати такмили донишу маҳорати касбӣ таъмин мегарданд. Вобаста ба таъмини фаъолияти самараноки Маркази тренингӣ барои гузаронидани курсҳои омӯзишӣ аз рӯи барномаҳои таълимӣ ва мавзӯъҳои муайяншуда омӯзгорон аз ҳисоби олимони риштаи ҷомеашиносӣ ва идоракунӣ, ҳамчунин кормандони ботаҷрибаи ҳизбӣ ҷалб карда мешаванд.
Дар доираи курсҳои омӯзишӣ бо ҷалби омӯзгорону мутахассисони варзидаи соҳаи рӯзноманигорӣ ҳайати эҷодии нашрияи “Ҳамрози халқ” низ ба бозомӯзӣ ва такмили ихтисос фаро гирифта мешавад. Ҳамчунин бо мақсади тарбия ва омода намудани кадрҳои ҷавони соҳаи матбуот аз ҳисоби донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав 10 нафар ихтиёриён барои таҷрибаомӯзӣ ба нашрияи “Ҳамрози халқ” ҷалб карда шуданд.
АКСҲО: КИ ХХДТ дар вилояти Хатлон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






