Дар Исфара барои пешгирӣ аз омадани сел корҳои соҳилбандӣ шурӯъ шуданд

Февраль 23, 2022 10:28

ДУШАНБЕ, 23.02.2022 /АМИТ «Ховар/. Дар маҳаллаи Айнии Ҷамоати деҳоти Шӯроби шаҳри Исфараи вилояти Суғд ҷиҳати омодагӣ ба обхезӣ ва пешгирӣ аз омадани сел корҳои соҳилбандӣ оғоз шуданд. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ин иқдом дар асоси иҷрои “Нақшаи асосии чорабиниҳои вилояти Суғд оид ба мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода барои соли 2022” амалӣ карда мешавад.

Дарозии ин селроҳа 1500 метр буда, корҳо бо ташаббуси Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва дастгирии Сарраёсати беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Исфара оғоз гардиданд.

Барои анҷоми корҳои соҳилбандӣ техникаи махсуси муҳандисӣ ҷалб шуда, масоҳати 400 метр селроҳа аз сангрезаҳо тоза гардидааст. Дар айни замон корҳои соҳилбандӣ идома доранд.

 

АКС: КҲФ ва МГ

Февраль 23, 2022 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад