Дар мавзеъҳои Кӯҳон ва Мавлонҷари шаҳри Ҳисор ба шаҳрвандони эҳтиёҷманд қитъаҳои замин тақсим гардиданд
ДУШАНБЕ, 19.02.2022/АМИТ «Ховар»/. Дар мавзеъҳои Кӯҳон ва Мавлонҷари Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Ҳисор дар асоси қарори раиси шаҳр аз ҷониби комиссияи ҷамъиятии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор аз ҳисоби заминҳои фонди манзил ба шаҳрвандони эҳтиёҷманди шаҳр китъаҳои замин тақсим карда шуданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар дар маросими тақсими замин иштирок намуда, шаҳрвандонеро, ки соҳиби замин гаштаанд, муборакбод гуфт.
Тақсими замин дар саргаҳи заминҳои ҷудогардидае, ки рақамгузорӣ шудаанд, бо усули қуръапартоӣ сурат гирифта, шаффофияти он таъмин шуд.
Зикр гардид, ки бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор минбаъд низ замин бо иштироки ҳайати комиссияи ҷамъиятӣ, масъулони ҷамоат, кумитаҳои маҳалла бо ҳамин тарз шаффофу одилона тақсим карда мешавад ва дар ин раванд ба шахсони маъюб ва оилаҳое, ки фарзандонашон дар хизмати Ватан маъюб гаштаанд, омӯзгорону табибон ва хонаводаҳое, ки 3-4 ва бештар аз он оилаҳо иқомат мекунанд, аз ҷониби комиссияи ҷамъиятӣ имтиёз дода мешавад, то дар навбати аввал бо замини наздиҳавлигӣ таъмин гарданд.
Шаҳрвандон аз тақсими одилонаи замин изҳори қаноатмандӣ намуда, миннатдории худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси шаҳр ва комиссияи ҷамъиятӣ изҳор доштанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






