Дар Москва бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 23.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар пойтахти Федератсияи Русия — шаҳри Москва бахшида ба 29 -солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо ташаббуси намояндагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Аз номи роҳбарияти ҲХДТ як зумра роҳбарони диаспораҳои тоҷикон, соҳибкорони бурунмарзӣ ва аъзои фаъоли ҲХДТ дар Федератсияи Русия бо «Сипосномаи»-и ҲХДТ сарфароз гардонида шуданд, хабар дод масъули бахши матбуоти Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират Каримҷон Салимзода ба АМИТ «Ховар».
Дар ҷамъомади идона намояндагони мақомоти расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, роҳбарони диаспораҳои атрофи шаҳри Москва, соҳибкорону ҳамватанони бурунмарзӣ ва аъзоёни фаъоли ҲХДТ дар шаҳри Москва иштирок намуданд.
Роҳбари намояндагии ҲХДТ дар Федератсияи Русия Саидбек Мирзомуддинов гуфт, ки «Артиши миллӣ дар ваъзияти душвори таърихӣ бо талошҳои пайваста ва хастанопазири Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфт. Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар зарфи 29 сол ба яке аз Артишҳои пуриқтидор ва тавоно табдил ёфта, дар ҳифзи арзишҳои миллӣ сипари боъэтимоди давлат мебошад».
Намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират Саид Боев иброз намуд, ки «таҳкими истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи он бе Артиши тавоно ғайриимкон аст. Мояи ифтихор аст, ки дар фазои ороми мамлакат бо роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар тули солҳои соҳибистиқлолӣ ба тадриҷ, давра ба давра рушд карда, ба яке аз пурнуфузтарин артиши ҳарбӣ дар минтақа табдил ёфтааст».
Сипас муовини роҳбари намояндагии ҲХДТ дар Федератсияи Русия Абдусамат Абдуразоқов вобаста ба нақши Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдату якдилӣ, оромиву осоиштагӣ ва ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат дар таҳкиму рушди амнияти миллӣ ва ташаккули низоми Қувваҳои Муссалаҳи Тоҷикистон ибрози андеша кард.
Дар ҷамъомад намояндаи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СААД, масъулини Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, роҳбарони диаспораҳои тоҷикон, соҳибкорони бурунмарзӣ вобаста ба дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши Артиши миллӣ дар рушди субботи кишвар изҳори назар карданд.
Аксҳо аз Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






