Дар ноҳияи Ашт ба истиқболи Рӯзи Модар маҳфили илмӣ – адабӣ доир шуд

Февраль 26, 2022 09:08

ДУШАНБЕ, 26.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 24 феврал дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт таҳти унвони «Нақши занон дар таҳкими сулҳу ваҳдат» ба истиқболи Рӯзи Модар ва 25-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ маҳфили илмӣ– адабӣ доир шуд.

Тавре дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маҳфил аъзои ноҳиявии Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, фаъолон, собиқадорони хизмати давлатӣ, занону бонувони касбу кори гуногун, модароне, ки фарзандашон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат намуда истодаанд, ходимон ва раисони кумитаҳои маҳалла иштирок доштанд.

Дар ҷараёни маҳфили илмӣ– адабӣ  дар мавзӯъҳои «Нақши занон дар таҳкими сулҳу ваҳдат», «Вазъи ҳодисаҳои номатлуб миёни занону бонувон дар сатҳи ноҳия ва роҳҳои пешгирии он»», «Мақоми зан дар замони соҳибистиқлолии кишвар», «Пешвои миллат – эҳёгари давлати навини миллӣ» ва «Модарон ҷонибдори сулҳу ваҳдатанд» маърӯзаҳо шунида шуданд.

Маҳфили мазкур дар рӯҳияи болидагӣ, шукргузорӣ аз сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ ҷараён гирифт.

 

АКС: МИҲД н.Ашт

Февраль 26, 2022 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд