ДАР ПОЙТАХТИ ЧИН МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ БОЗИҲОИ 24-УМИ ЗИМИСТОНАИ ОЛИМПӢ ДОИР ШУД. Дар минбари Варзишгоҳи миллии Пекин Си Ҷинпин, Владимир Путин, Эмомалӣ Раҳмон ва дигар меҳмонони фахрӣ нишастанд
ДУШАНБЕ, 04.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Варзишгоҳи миллии пойтахти Чин маросими ифтитоҳи Бозиҳои 24-уми зимистонаи олимпӣ баргузор шуд. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ҳадиси мусаварро доир ба чӣ гуна сурат гирифтани он пешкаш менамояд.
Дар оғози маросими ифтитоҳи Олимпиада роҳбари Чин Си Ҷинпин бо роҳбари КБО Томас Бах самимона сухан гуфтанд.
Дар намоиши рангоранг, ки таҳиягари он коргардони кино Чжан Имоу буд, қариб 3 ҳазор нафар иштирок доштанд. Дар паради варзишгарон 91 ҳайати вакилон иштирок намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як рӯз қабл ба Пекин ташриф оварда, ҳамроҳ бо Си Ҷинпин, Владимир Путин ва дигар сарони давлатҳову ҳукуматҳо дар минбари VIP дар ин маросим нишастаанд.
16.50. Садо дар майдон: «Рӯзи ҳамагон ба хайр! Имрӯз дар Варзишгоҳи миллии Пекин маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2022 баргузор мешавад».
16.58. Иттилоъ дода мешавад, ки дар ин бозиҳо 91 кишвари ҷаҳон ширкат мекунанд. Зиёда аз 4 ҳазор варзишгар аз тамоми ҷаҳон 109 маҷмӯи бозиҳоро дар 7 намуди варзишӣ бозӣ мекунанд.
17.07. Салют осмони шабонаи Пекинро дурахшон мекунад! Маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ оғоз шуд!
17.12. Суруди миллии Ҷумҳурии Мардумии Чин садо медиҳад ва иштирокдорони маросим дар майдон парчами ҶМЧро баланд мебардоранд.
17.14. Сарфи назар аз маҳдудияти қатъӣ бо сабаби пандемияи COVID-19 варзишгоҳ қариб 80% пур аст.
17.18. Панҷ ҳалқаи олимпӣ аз гурӯҳҳои одамон дар майдон пайдо мешаванд.
17.23. Ҳайатҳои варзишгарон ба майдон мебароянд. Аз рӯи анъанаи олимпӣ дастаи Юнон аввалин мебарояд, аз паси он — Туркия. Дастаи Русия бинобар таҳримҳои WADA зери парчами Кумитаи олимпии Русия бо рақами 46 мебарояд.
17.25. Ҳангоми баромадани ҳайатҳои Япония ва Белгия ташкилкунандагон мусобиқа мусиқии Пётр Илич Чайковскийро гузоштанд.
17.26. Раиси Ҷумҳурии Чин Си Ҷинпин ҳайати Ҳонконгро, ки бо парчам аз варзишгоҳ мегузаранд, истиқбол мекунад.
17.46. Дар майдон дастаҳои мунтахаби Британияи Кабир ва Латвия ҳозир мешаванд.
18.14 Варзишгарони Шветсия ва Муғулистон вориди майдон мешаванд.
18.18. Яке аз тимҳои маҳбуби бозиҳо- дастаи мунтахаби Олмон вориди майдон мегардад. Барои парчамбардори 49-солаи дастаи Олмон Олимпиадаи Пекин нуҳумин аст. Олӣ!
18.27. Ҳизби коммунистии Чин пеш аз бозиҳо вазифа гузошт, ки қариб ба 300 миллион сокини мамлакат лижаронӣ омӯзонида шавад.
18.21. Ва ана аз ҳама охир ҳайати Чин дар майдон ҳозир мешавад! Бо ҳамин паради варзишгарон анҷом меёбад. Тамошобинон бениҳоят ба ваҷд омадаанд.
18.24. Дар арафаи бозиҳо ширкати Kays Scotland 164 санг барои бозии кёрлинг истеҳсол карда, 132 намунаи беҳтарини онро ба Пекин фиристод. Ҳар як санг тақрибан 750 доллар, бе нархи дастааш арзиш дорад.
18.25. Буҷети умумии бозиҳо тақрибан 4 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Соат 18:46. Раиси Кумитаи тадорукоти “Пекин 2022” Тсай Тси дар маросими ифтитоҳ зоҳир мешавад.
18.52. Раиси ҶМЧ Си Ҷинпин Бозиҳои 24-уми зимистонаи олимпиро кушода эълон кард!
18.54. Дар майдон шиори Бозиҳои олимпӣ намоён мегардад: «Бо ҳам барои ояндаи муштарак».



















Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад






