Дар шаҳри Бӯстон ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон тантанаҳои идона баргузор гардиданд

Февраль 23, 2022 15:39

ДУШАНБЕ, 23.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 23 феврал дар Қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ бахшида ба 29-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон.

Дар ҷамъомад ҳайати шахсӣ, сарбозону афсарони ҷузъу томҳои қудратии ҳудуди шаҳр, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ, фаъолону ҷавонони шаҳр ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ ҳайати афсарону аскарони шуҷоъ, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷанговарони башардӯст, собиқ хизматчиёни ҳарбие, ки дар барқарорсозии сохти конститутсионии мамлакат саҳми бориз доранд ва кулли сокинони сарбаланди шаҳри Бӯстонро ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ самимона табрик гуфта, иброз дошт, ки аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 29 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, он роҳеро тай намудааст, ки бо арзиши таърихию тадбирҳои анҷомшуда қимати ҷандин даҳсола дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳои худ аз заҳматҳои шабонарӯзии хизматчиёни ҳарбӣ дар роҳи ҳимояи марзу буми мамлакат, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, пойдории Ваҳдати миллӣ ва таъмини амнияти кишвар сухан карда, бовариву эътимоди худро нисбат ба родмардони Ватан баён медоранд.

Зикр шуд, ки Ҳукумати мамлакат, бахусус Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам ба масъалаҳои беҳтар кардани шароити хизмат ва зиндагии афсарону сарбозон, аз лиҳози техникиву таҷҳизот навсозӣ кардани Қувваҳои Мусаллаҳ, таъминот бо лавозимоту мошинаҳои ҷангӣ, баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва омодабошии онҳо эътибори аввалиндараҷа медиҳанд. Ин аст, ки хизматчиёни ҳарбӣ ҳамарӯза ғамхориву таваҷҷуҳи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро баръало эҳсос менамоянд. Зеро имрӯз барои хизматчиёни ҳарбӣ дар қаламрави мамлакат, аз ҷумла шаҳри Бӯстон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Иброз гардид, ки минбаъд низ бо истифода аз таҷрибаи мактаби бузурги давлатдориву давлатсозии Пешвои миллат масъулин дар ҳамбастагӣ бо хизматчиёни ҳарбӣ ва сокинони заҳматқарини Бӯстоншаҳр корҳои созандагиву бунёдкорӣ анҷом дода, баҳри сазовор истиқбол намудани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон талош менамоянд.

Дар ҷамъомад дар вазъияти тантанавӣ ҳамчун арҷгузорӣ ба заҳматҳои шабонарузӣ, саҳмгузорӣ дар ободии диёр ва таъмини якпорчагии мамлакат ба як гурӯҳ собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони комиссариати ҳарбии шаҳр, гарнизони Суғд, Гвардияи миллӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қисмҳои низомии шаҳр туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуданд.

Ба муносибати 29-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нимаи дуюми рӯзи 23 феврал иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ ҳамроҳ бо намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов ба қисми ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастаи таъйиноти махсуси милитсияи Раёсати Вазорати корхои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, қисми харбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон рафтанд.

Мавсума Муинӣ ва намояндаи вилоят Шарифҷон Ахмедов ҳайати шахсӣ ва сарбозону афсарони қисмҳои низомиро аз номи Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо Рӯзи Артиши миллӣ шодбош гуфта, барояшон дар иҷрои рисолати пуршараф — ҳимояи марзу буми мамлакат, таъмини амнияти давлату миллат, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, пойдории Ваҳдати миллӣ барору комёбӣ таманно намуданд.

Зимни суҳбат роҳбарияти шаҳр аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба хизматчиёни ҳарбӣ сухан карда, ба ҳозирин барои меҳнати софдилона изҳори сипос намуданд.

Дар навбати худ ҳайати шахсӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ ба Пешвои миллат барои шароити фароҳамгардида ва ғамхориҳои пайваста миннатдорӣ намуда, омодабошии худро дар ҳифзи Ватан-Модар иброз дошта, ба ҳайати меҳмонон намоиши ҷанги тан ба тан, безараргардонии душман ва истифодаи техникаи ҷангиро бо маҳорати баланди касбӣ пешниҳод намуданд.

Баҳри болидахотирии сарбозону афсарон барномаи фарҳангӣ ташкил гардида, дастурхони идона ороста шуд.

Инчунин 22 феврал дар остонаи Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ ҳамчун анъанаи хоси ниёгон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як зумра собиқадорони ҷангу меҳнатро, ки дар барқарорсозии сохти конститутсионии мамлакат хизматҳои содиқона намудаанд, аёдат карда, аз ҳолу аҳволи онҳо воқиф шуд.

Зимни суҳбат бо собиқадори соҳаи хизмати давлатӣ, иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯра Шокиров ва ҷанговари байналмилал, иштирокчии замони барқарорсозии сохти конститутсионӣ Абдуғаффор Муминов иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ онҳоро бо 29-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, изҳор дошт, ки хизматҳои шоёни мардони далеру шуҷои Ватан, ки дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ дар мамлакат ҷоннисориҳо намудаанд, ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои давлату Ҳукумати мамлакат, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

АКСҲО: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

Февраль 23, 2022 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма сохтмони долони зиддитармавӣ ва пули мошингузар босуръат идома дорад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ба 80 хонандаи ниёзманди ноҳияи Айнӣ либоси мактабӣ тақдим гардид
«БЕҲТАРИН ШАХСИ ҲУҚУҚДОН». Таҳти чунин унвон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт озмун доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Дар Маркази мероси хаттӣ бахшида ба Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Барои расидан ба саодати миллӣ бояд меъёрҳои қонунҳо риоя гардад
Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ сарбозони ятими кулл дар мавзеъҳои ҷолиби вилояти Суғд сайр намуданд
Аз барафрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 13 сол сипарӣ гардид
Дар майдонҳои «MegaFon Football Day: бозӣ бо ситораҳо» шуморо чӣ интизор аст?
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад