Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон: Дар робита ба эълон гардидани Солҳои рушди саноат ба тарбияи кадрҳо низ таваҷҷуҳ мебояд

Февраль 3, 2022 11:21

ДУШАНБЕ, 03.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо таваҷҷуҳ ба Солҳои рушди саноат  эълон гардидани солҳои 2022-2026 ва дар такя ба ҳадафи чоруми стратегӣ устодони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо донишгоҳҳои Испания, Италия ва Қазоқистон лоиҳаи байналмилалиеро зери унвони «Таҳияи барномаи магистрии идоракунии соҳбикорӣ-саноатӣ» таҳия намуданд, ки соли 2021 аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дастгирӣ ёфт. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Фарҳод Шаропов иттилоъ дод.

Ба гуфтаи мавсуф, дар доираи лоиҳаи мазкур нақшаи чорабиниҳо таъсис ёфта, то ин замон ду семинар дар ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Тоҷикистон   баргузор гардиданд. Ба ақидаи масъулин, агарчи Донишгоҳи тиҷорат ба омода кардани мутахассисони риштаи тиҷорат машғул аст, бо мақсади саҳм гузоштан дар ҳадафи саноатикунонӣ ва роҳҳои рушди саноат тавассути тиҷорат тадбирҳои муҳим рӯйи кор гирифта мешавад. Яъне, маҳз тиҷорат метавонад тавассути омӯхтани тақозои аҳолӣ ба корхонаҳои саноатӣ маълумот пешниҳод кунад, ки имрӯз бозори истеъмолӣ ба кадом молу маҳсулот ниёз дорад.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эълон намудани панҷсолаи рушди саноат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ вазифагузорӣ намуданд, ки дар панҷ соли минбаъда  зиёда аз 870 корхонаи саноатӣ таъсис дода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 95 миллиард сомонӣ расонида, содироти он ду баробар афзоиш дода шавад. Коршиносон мегӯянд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои табиати бой ва канданиҳои фоиданок мебошад  ва барои амалӣ намудани ҳадафи мазкур имконияти зиёде  мавҷуданд. Мутахассисони соҳибтаҷриба дар амалӣ намудани он метавонанд нақши бориз гузоранд.

Дар нишасти матбуотӣ иброз гардид, ки айни ҳол дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон  7 лоиҳаи байналмилалӣ амалӣ шуда истодаанд, ки ба самти табодули омӯзгорону донишҷӯён ба донишгоҳҳои хориҷӣ, нашри китобу барномаҳои таълимӣ ва дигар самтҳо равона шудаанд.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»

Февраль 3, 2022 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид