ДУШАНБЕРО БА ШАҲРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ! Дар ноҳияи Фирдавсӣ шинонидани беш аз 1,7 миллион дона гулҳои мавсимӣ ва бисёрсола ба нақша гирифта шудааст

Февраль 15, 2022 16:43

ДУШАНБЕ, 15.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади амалӣ намудани ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба «шаҳри сабз» табдил додани пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе дар кӯчаю хиёбонҳои  ноҳияи Фирдавсӣ дар умум ба миқдори 1 728 700 дона гулҳои мавсимӣ ва бисёрсола ба нақша гирифта шуда, то ба имрӯз ба миқдори 3019028 дона ниҳол шинонида шудааст. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Фирдавсӣ Фатҳиддин Усмонзода дар ҳузури хабарнигорон баён дошт.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра аз ҳисоби иттиҳодияи динӣ 1936 бутта дарахтони сояафкану мевадиҳанда, 4378 дона гулҳои мавсимию ҳамешасабз шинонида шуда, 600 метри маруббаъ ҷойҳои хушку бекорхобида ба майсазор табдил дода шуда, 600 метри мураббаъ сангфарш карда шудааст.

Раиси ноҳия иброз дошт, ки талошу тадбирҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти ободу зебо ва сабзу хуррамгардонии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе баргирифта аз ҳидояту роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба сабзкорию ободгардонӣ, гулзору гулпӯшгардонии мамлакат мебошад, ки имрӯз ин иқдомро ҳама пиру ҷавони мамлакат вазифаи хеш дониста, пайи анҷом додани он меҳнат мекунанд.

Ёдрас мешавем, ки моҳи октябри соли 2021 Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз тамоми сокинони пойтахт  даъват ба амал оварданд, ки барои ба «шаҳри сабз» табдил додани Душанбе саҳм гузоранд. Зеро ниҳолшинониву гулшинонӣ  аз қадимулайём барои тоҷикон рамзи зиндагии шоиста, хуррамӣ ва шодобӣ мебошад.

 

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Февраль 15, 2022 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид