Фархор: Дар мавзеъҳои осебпазири соҳили дарёҳои Панҷ ва Сурхоб корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома доранд
ДУШАНБЕ, 07.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Фархор барои пешгирии хавфи офатҳои табиӣ бо истифода аз механизмҳои зарурӣ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бо вусъат идома дошта, то баланд шудани сатҳи оби дарёи Панҷу Сурхоб ва омадани селҳои мавсимӣ бояд қисматҳои осебпазир бо гузаронидани корҳои заминӣ, гузоштани тахтасангҳо ва сохтани садду обгардонҳо аз нав барқарор карда шаванд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти раиси ноҳия.
Дар ин мавзеи соҳили дарёи Сурхоб, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ватан баъди барқарорсозии қисмати осебпазири соҳил канали обрасонӣ барқарор ва қариб 300 гектар заминҳои солҳо бекорхобида баробари анҷом додани ин тадбир ба гардиши кишоварзӣ ворид карда мешаванд.
Аз ҳисоби тағйир ёфтани маҷрои оби дарёи Сурхоб дар ҳудуди ду деҳа давоми чанд соли охир қисман заминҳои корами обии шафати соҳил шуста шудаанд. Баъд аз барқарорсозии қисмати осебпазири соҳил хавфи шусташавии ин заминҳо низ пешгирӣ карда мешавад.
АКС: Маркази матбуоти Раиси н.Фархор








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






